Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бунёди боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

Бунёди боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

17-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Бунёди боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ
Бо шарофати иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир дигаргунсозии сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад, ки он барои зиндагии арзандаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодии инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон вусъат дода истодааст. Сол то сол дар ноҳияи Ёвон дар асоси бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бунёди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ зиёд гардида истодааст.

Мутобиқи зербанди 4.2 – банди 4 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаҳое, ки дар ҳайати кормандонашон зиёда аз 5 нафар аъзои ҳизб фаъолият доранд, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис медиҳанд.

Ҳафтаи равон чунин як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар корхонаи давлатии фаръии обу ташноб ва гармидиҳии ноҳияи Ёвон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ташкил ва таъсис дода шуд.

Зиёда аз 21 нафар кормандони корхонаи мазкур бо эътироф намудани Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва руҳияи баланди ватандорию ватандӯстӣ аъзои ин ҳизби пуршараф ва пешво, ки роҳбариашро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, гардиданд.

Дар фаъолияти ҳизби мо то чӣ андоза ба мавқеи ташкилотҳои ибтидоӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардад, ҳамон қадар комёбиҳоямон зиёд мешавад, мардуми шарафманди ноҳияи Ёвон, махсусан аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаҳои ояндаи сиёсӣ ва фарҳангӣ натиҷаҳои дилхоҳро ба даст меоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: