
Санаи 9 - октябри соли 2017 дар ташкилоти ибтидоии «Хазина»-и Раёсати молияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати сиёсӣ зери мавзўъи «Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – барномаи амалист!» баргузор гардид.
Зимни баргузории соати сиёсӣ Файзалӣ Қувватов- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар бораи мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз ҷумла ёдоварӣ намуд, ки ҳизб бо роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои хеш дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд.
Раиси ташкилот ҳамчунин афзуд, ки моро зарур аст, ҳамеша дар доираи ҳадафҳои Барномаи ҳизбамон бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ миллӣ ва дар ин замина мунтазам баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҷиду ҷаҳд намоем.
Дар фарҷоми чорабинӣ Ф.Қуватов аз аъзоёни даъват ба амал оварда, ки баҳри риояи талаботҳои саривақтии Оиннома, Барнома ва Низомномаҳои ҲХДТ масъулияти баланд дошта бошанд ва ҳамчун аъзои ҳизб риояи бечуну чарои санадҳои ҳизбиро вазифаи ҳамешагии хеш қарор диҳанд.
Мудири шўъбаи
таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов