Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САНҶИШҲО ҶИҲАТИ БЕҲБУДИИ ФАЪОЛИЯТ

САНҶИШҲО ҶИҲАТИ БЕҲБУДИИ ФАЪОЛИЯТ

12-02-2018, 16:22
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
 САНҶИШҲО ҶИҲАТИ БЕҲБУДИИ ФАЪОЛИЯТ
Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроия Маҳмадсалим Ҳаитов аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Маркази Тоҷикстандарти вилояти Суғд» дидан намуда, раванди қабул ба сафи ҳизб, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳизбӣ, рафти хонишҳои сиёсиро мавриди санҷиш қарор дод.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар Маркази Тоҷикстандарти вилояти Суғд 88 нафар кормандон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.
Зимни санҷиш маълум гардид, ки мувофиқи феҳристи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб пешниҳод карда шудааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд. Фаъолияти корӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур бо маром идома ёфта истодааст ва масъулини ташкилоти ибтидоӣ мунтазам иҷрои ҳадафҳои барномавии ҳизбро дар мадди назари хеш қарор дода, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.
Лозим ба зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии «Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд» ба қатори ташкилотҳои ибтидоии беҳтарин дохил буда, мунтазам супоришҳои мақомоти болоии ҳизбро иҷро мекунад ва дар баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзад.
Чунин санҷишҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ идома дорад.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: