DataLife Engine > Фарханг, Гулшани адаб > Рудобаи Мукаррам

Рудобаи Мукаррам


13-11-2018, 16:21. Разместил: admin Нури Роғун

Равшаноӣ ҷавҳари ойини мост,
Рамзу рози тинати бе кини мост,
Сархушем аз соғари саршори нур,
Зардуҳишт он соқии дерини мост.

Ҳар куҷо нур аст,он ҷо тор нест,
Дар дили тор орзу бедор нест.
Фарри тоҷик зода шуд аз нури Ҳақ
Давлате ҷуз нури Ҳақ подор нест.

Халқи мо он вориси волонажод
Тоҷи пирӯзӣ ба тори сар ниҳод,
Гавҳари тоҷаш дар олам ҷилва кард,
Нури тобонаш ба баҳру бар фитод.

Ғамгусори мост чун Маъбуди мо,
Нурборон шуд раҳи мақсуди мо.
Дар дили тоҷик нури бахт рехт,
Шуд мунаввар ахтари масъуди мо.

Сарвари фархундаву пирӯзи мо
Ҳомии фардои мо, имрӯзи мо.
Сабз шуд аз ӯ баҳори табъи халқ,
Ҷони нав бахшид бар наврӯзи мо.

Ӯ ҳисори дӯстӣ бунёд кард
Такя бар девори адлу дод кард.
Табъу фазли неки равшанбини ӯ
Ҳамчу ховар субҳи нур эҷод кард.

Бо вафо дар сафҳаи бахту субот
Соядасти худ гузошт аз илтифот.
Кам бувад сад рӯд з-ин сон обрӯ,
Оби Роғун шуд аз ӯ оби ҳаёт.


Номи Роғун сабт шуд дар боби нур
Ҳарф-ҳарфи ӯ бидорад тоби нур.
Баъди лутфи соқии ваҳдат зи нав
Маст гаштем аз шароби ноби нур.


Ин ҷаҳони бекарон, пурнур гашт
Аз замин то осмон, пурнур гашт.
Халқи мо аз маҳбаси зулмат бираст.
ҷикистон, ҷовидон, пурнур гашт.


Рудобаи Мукаррам
Рудобаи Мукаррам
Вернуться назад