Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шуд

Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шуд

28-12-2015, 16:40
Хабарро хонданд: 558 нафар
Назарҳо: 0
Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шудКитоби тозаэҷоди шоираи ҷавону шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон, аъзои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократӣ ва Муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам таҳти унвони «Гулвожаи баҳорон» интишор гардид.

Шоира ба мавзӯъҳои дӯстдоштааш-Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, меҳру муҳаббат, эҳсоси нозуки инсонию шаҳрвандӣ содиқ аст ва мекӯшад, ки ин ҳамаро бо нигоҳу сухан ва тасвирҳои тоза ба қалам бидиҳад.


Дар поён намунае аз ашъори Рӯдобаи Мукаррамро манзури хонандагони муҳтарам мегардонем.

Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шуд
(Эҳдо ба талошҳои сулҳҷуёнаи Пешвои миллати тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон)

Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шудАз шохи шаҳчанори куҳансоли мулки ман
Зоғи сиёҳи фурқату андӯҳу ғам парид.
Баъд аз ҳазор лобаву зории синасӯз
Бонги дуои халқ ба арши Худо расид.

Ин девбоди фоҷиаангез халқро
Бар ҳар тараф чу барг парешон намуда буд.
Нахли ҳаёти миллати тоҷик хушк гашт,
Ӯро замона музтару ҳайрон намуда буд.

Гум карда буд кӯдаки гулбоз кӯдакӣ
Муҳтоҷи як буридаи нон ҷойи алла шуд.
Аз талхии ҳаёти бадаш гашт нонгадо,
Қурбонии касофати манҳусу далла шуд.

Селоби ғам зи ҷӯяи ожанги мӯсафед
Мерафту ҷома бар тани худ чок менамуд.
Дар кунҷи боғ модари гардида бе писар
Фарзанди тирхӯрдаи худ хок менамуд.

Ин гуна кард душмани миллат кафангадо
Тоҷикро ба дасти шарирони зархарид.
Омад, вале башорати ваҳдат чу нури ҳақ
Бар пайкари фусурдаи ин халқ ҷон дамид.

Бо килки меҳри хеш Худованди меҳрубон,
Бар қалбҳои мо сухани оштӣ навишт.
Дар байни издиҳоми балохези мардумон
Шаҳболи бахт ёфт яке марди хушсиришт.

Аз сеҳри нусраташ бидамид офтоби бахт,
Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шуд.
Қавме, ки тарк кард Ватанро зи чор сӯй,
Чун турна суйи маъмани гармӣ қатор шуд.

Чашмони модарони ҷигархун гирифт нур
Аз сурмаи фариштаи ваҳдат гудохта.
Шуд хони кӯдакону ятимон зи нон сер,
Шукрона кард мардуми оламшинохта.

Ин обу ин замини муқаддас наҷот ёфт,
З-арбоби ҷамъ гашта ба Арбобқасри мо.
Ҳамчун умеди зиндагӣ онро завол нест
Бо офтоби ваҳдати тоҷик асрҳо!

Рудобаи Мукаррам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: