Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҲАТМАН РӮЗНОМАНИГОР МЕШАВАМ

ҲАТМАН РӮЗНОМАНИГОР МЕШАВАМ

13-11-2018, 09:30
Хабарро хонданд: 705 нафар
Назарҳо: 0
ҲАТМАН  РӮЗНОМАНИГОР МЕШАВАМ
Имсол ба факултети рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дохил шудам. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Бо чеҳраи пур аз табассум ба хона мешитофтам, то ҳар чӣ зудтар ин пайки хушро ба модарам расонам. Дар роҳ бо зане, ки ба мо хешӣ дошт ногаҳон рӯ ба рӯ шудам. Шояд аз авзоям пай бурд, ки баъд аз пурсупос суол кард:
- Ин қадар хушҳол менамоӣ, гумон кардам агар аз дастат надорам парвоз мекунӣ, Чӣ шуд?
- Холаҷон табрик кунед, донишҷӯ шудам,- посух додам бо табассум.
Чеҳраи холаро низ табассум пур кард:
- Офарин духтарам, хонда дар оянда табиби зӯр шав. Аз суханони ӯ дасту по хӯрдам.
–Холаҷон ман ба Донишгоҳи тиббӣ не, ба факултаи рӯзноманигорӣ дохил шудам...
Ин ҳарфҳоро шунида чеҳраи хола дар як лаҳза тағйир ёфт, табассум низ чеҳраашро тарк кард.
– Ҳа-а-а-а… Ин хел гӯ... Боз ман фикр кардам, ки духтур мешавию дар оянда пул кор карда ба модари бечораат кӯмак мерасонӣ.
Аз суханони хола ба ҳолати шок афтодам:
- Чаро ин тавр мегӯед холаҷон, рӯзноманигори хуб ҳам зиндагии бад надорад? Вале аслан ҳадафи ман аз рӯзноманигор шудан ба даст овардани бойигарӣ нест. Мехоҳам дар бораи мушкилоту камбудиҳои ҷомеа нависам, то онҳо ислоҳ шаванду зиндагии ҳамаи мардум хуб шавад.
- Ҳммм.. хело маҳмадоно будаӣ, духтарам,- бо итоб гуфт хола. – Ман хондагӣ набошам ҳам ба хеле чизҳо сарфаҳм меравам. Агар хоҳӣ, ки зиндагиат хуб шавад бояд дар институтҳое хонӣ, ки ҳуқуқшинос, корманди андоз, гумрук, духтур тайёр мекунанд. Ақл дорӣ? О ба журналист, ки пул медиҳад? Эҳ, майли хайр…
Хола ба фикрам бо мани «сода» дигар беҳуда вақт сарф карданро ба худ раво надид, ки сард хайру хуш карду роҳашро идома дод.
Баъд аз ин сӯҳбати сарироҳӣ таъбам хеле хира шуд. Воқеъан ҳам агар аз ҷавонони синну соли мо пурсӣ, ки дар оянда кадом касбро интихоб мекунӣ, аксарият ё ҳуқуқшинос ва ё духтур шуданд мехоҳанд. Онҳо оё ин касбҳоро дӯст медоранд? Ба гумон! Андеша мекунам ҷаҳонбинӣ ва сатҳи фаҳмишашон мисли ҳамин хола аст, ки оянда дар ҷомеа шахси «доро» ва «соҳибэҳтиром» будан мехоҳанд. Ба гумон аст аз сари онҳо ин андеша гузарад, ки мутахассиси ҳирфаӣ шаваму ба Ватан ва ҷомеъа манфиатам расад. Балки дар ниҳодашон як «худхоҳӣ» (эгоизм) тухм гузоштааст, ки ба ояндаи номаҳфум ҳидоят мекунад. Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд:
«Тинати ман – қисмати ман».
Баъд аз ба хона баргаштан назди муаллимаам рафтам, ки дар зиндагӣ бо маслиҳатҳои хуб маро ҳамеша раҳнамоӣ мекунанд. Қиссаи ҳамонрӯзаро нақл кардам. Муаллима бо табассум ҳарфҳои маро гӯш доданду, оҳи сарде кашиданд:
- Медонӣ Фарзонаҷон, вақте мо дар мактаб таҳсил мекардем, орзуҳои мо аз орзую ҳаваси ҷавонони имрӯза хеле фарқ мекард. Хеле рангинтару ширинтар буданд. Агар як нафар орзу мекард, ки кайҳонаварду халабон шавад, дигаре муҳандису агроном ва саввумин муаллимиро интихоб мекард. Албатта наврасоне буданд, ки мехостанд пешаи ҳуқуқшиносӣ ва ё духтуриро интихоб кунанд, вале нияту хостаҳои онҳо дигар буд. На молу дороӣ ҷамъ овардан, балки мубориза бо ҷинояткориву табобати маризон… Касби рӯзноманигорӣ бошад, пурифтихор аст ва заҳмати зиёдро талаб мекунад. Рӯзноманигор бояд ҳам ҳуқуқшинос, ҳам табиби дили мардум ва ҳам муаллиму раҳнамо бошад.
Дар боби неру ва тавоноии журналистон Отто фон Бисмарк чунин навиштааст: «Ман метавонам, ки аз як журналист як вазир созам, вале наметавонам аз даҳ вазир як журналист созам».
Рӯзноманигори хуб шав духтарам ва ба ҷомеъа хизмат кун,- бо дуои нек маро гусел кард муаллима.
Баъд аз ин сӯҳбати гуворо бо муаллимаи соҳибмаърифати худ, тасмими ман дучанд шуд, ки ҳатман рӯзноманигори хуб мешавам…

Фарзона Мӯсоева
донишҷӯ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: