Солхўрдае ба суроғи «Минбари халқ» омад5-04-2018, 15:01
Хабарро хонданд: 530 нафар
Назарҳо: 0
Ба идораи мо мўйсафеде омад. Хеле самимӣ ва гушгуфтор. Аз ҳар зовия суҳбат кардему мақсади омаданашро ҷўё шудам. Маълум шуд, ки хонанда ва мухлиси ҳафтаномаи мо будааст. Суҳбати мухтасари ўро, ки синну солашро нигоҳ накарда, ба хотири вохўрӣ бо кормандони ҳафтанома ба идораи мо омадаанд, рўи сафҳа овардем. Ў ҳанўз газета мехонад… Дар ҷомеаи имрўзаи мо чунин мўйсафедон, махсусан онҳое, ки синашон аз 80 боло ҳастанд, камшуморанд. Ҳатто ҳастанд миёнсолону ҷавононе, ки аз мутолеа ба истилоҳе «рў ба гурезанд». Аммо ҳамсуҳбати мо ҳанўз ҳам ба хондан шавқу ҳаваси зиёд дошта, маҷаллаву рўзномаҳои мухталиферо аз назар мегузаронад ва ҳатман матлаби ҷолиби диққаташро сар то по мехонад. «Ман наметавонам рўзи худамро бе хондани ягон навгонӣ, ҳодисаҳои таърихӣ, хабарҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар тасаввур кунам. Шояд фикр кунанд, ки барои мани мўйсафед ин гуна навидҳо чӣ даркоранд, яъне ба дардам ҳам намехўранд, аммо банда ҳангоми огоҳӣ пайдо кардан аз хабарҳои соҳаҳои гуногуни ватан хеле рўҳбаланд мешаваму худро сабук эҳсос менамоям»,-мегўяд мўйсафед. Шефтаи «Минбар халқ» шудам Ҳамин тавр, мо низ ба суханҳои самимии он нафар гўш карда, дар бораи чӣ гуна ба ҳафтавори мо обуна шуданаш хабардор шудем. - Ман маводҳои «Минбари халқ»-ро аз аввал мехондам. Аммо чун обуна набудам, ҳама вақт наметавонистам онро дастрас кунам, агар дастрас ҳам мешуд, аллакай чанд ҳафта баъд аз нашраш. Рўзе иттифоқан маводҳоеро бо унвони «Дар синаҳои мардуми ориф мазори ўст»-ро хондам, хеле хурсанд шудам. Чун бо қаҳрамони ин хабар соли 1953 дар мактаб-интернати Навободи Ғарм дар як ҷо таҳсил кардем ва ман ин шахсияти бузурги илми тоҷикро хеле хуб мешинохтам. Шод аз он шудам, ки «Минбари халқ» чунин одамонро, ки барои илм хизмат кардаанд, канор нагузошта, дар саҳифааш ҷо мекунад. Инчунин навиштаҳое дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил, устод Айнӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигар намояндагони адабиёти дохиливу хориҷиро аз саҳифаҳои ин нашрия хондаму муҳаббатам ба он афзун мешуд. Илова бар ин маводҳои баррасикунандаи мушкилоти халқ низ дар ин ҳафтанома аз иньикоси аълои худ дарак медиҳанд. Масалан, навиштаҳое чун «Чаро инқилоби маънавиву фарҳангӣ», «Қанд ҳаром, тарқанд ҳалол», «Ҳақорат кафшери сухан мешавад», «Бесоҳибӣ миёни ду низоми никоҳ», «Амнияти ғизо бар дўши кист?», «Гирди номи падар чӣ мегардӣ» ва ғайраро мутолеа кардам, хеле хуб навишта шуда буданд ва дарди дили мардумро арзёбӣ мекунанд. Бинобар ин аз се писарам хоҳиш кардам, ки ҳар якеашон 30 сомонӣ дода, маро ба ҳафтаномаи «Минбари халқ» обуна кунанд. Онҳо ҳайрон монданд, ки чаро падарашон аз онҳо чунин дархост кардааст. Чун як нафари онҳо метавонист бе ягон мушкилӣ 90 сомониро ба дастам диҳад. Аммо гап сари он мерафт, ки ман мехостам, саҳми ҳар сеи онҳо дар обунашавии ин ҳафтаномаи мавриди назарам мавҷуд бошад. Баъдан писаронам мақсади маро фаҳмиданду хеле хушашон омад. Албатта, ин хоҳиши ман ба зудӣ ҳал шуд ва ман акнун метавонам ба осонӣ «Минбари халқ»-ро дастарс ва мутолеа намоям. Сипас, қавл додам, ки агар гузорам ба шаҳри Душанбе афтад, ҳатман ташаккуру миннатдории худро ба қаламкашони ҳафтанома барои ҳақиқатро рўи коғаз оварданашон, баён намоям. Аммо, мутаассифона як рўз пеш натавонистам шуморо бубинам. Бояд ҳамин рўз Ғарм мерафтам, аммо боз аз фикрам гаштам. Ба худ гуфтам имрўз ҳам кўшиш мекунам то ба онҳо рў ба рў суҳбат кунам. Инак чӣ хеле, ки мебинед, дар наздатон ҳастам,-бо табассуми малеҳ гуфт бобои Сайфиддин. Ҳамсуҳбати мо Сайфиддин Қутбиддинов мегўяд сокини 83-солаи ноҳияи Ғарм 40 соли умрашро барои таълиму тарбияи насли наврас сарф кардааст. Маълум шуд, ки марди хеле сермутолеа асту то кунун вақташро барои хондани китобҳои бузургони адабиёти тоҷик ба монанди Саъдӣ Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бедили Деҳлавӣ, адибони муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон сарф мекунад. Аммо «Минбари халқ» барои ман чун газетаи рўимизиям қарор гирифтааст. Ҳар ҳафта онро бесаброна мунтазир ҳастам. Рисолати ҳар як маҷалла ва рўзнома низ ҳамин аст, ки то тавонад ба дили халқ роҳ ёбаду хонандаи худро пайдо кунад. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки барои ман «Минбари халқ»-ро касе тавсеаи хондан накардааст. Банда худам чандест, ки ба ҳафтанома меҳр пайдо кардам ва он гуна барои хондани он шавқу ҳавас пайдо кардам, ки худ ҳайрон мешавам, билохира шефтаи «Минбари халқ» шуда мондам?! Хоҳишам ҳамин аст, ки агар имкон бошад, ба навоҳӣ ва деҳоти кишвар низ сафар карда, аз ҳолу аҳволи мардум низ дар гўшаяки ҳафтанома хабаре чоп кунед, зеро унвони ин ҳафтавор низ худ аз халқӣ будани он садо медиҳад. Дар охир бобои Сайфиддин сипоси зиёди худро барои аҳли эҷоди нашрияи дўстдоштааш изҳор дошт. Ва таманно кард, ки бигзор қаламашон ҳамеша бурро ва дар инъикоси ҳақиқат сарбаландона кору фаъолият намоянд. Бобои Сайфиддинро то дами дари «Шарқи озод» гусел карда, мо низ барои он, ки хонандаи азизи ҳафтаномаи мо асту ин қадар роҳро сарфи назар карда, ба суроғамон омадаст, ташаккур гуфтем… Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.