«МА ЯК ЧӮҶАША МЕГИРЕМ»10-10-2018, 09:25
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
Ду зан дар нақлиёти мусофиркаши рақами 52 чунон бо ҳам бо садои баланд суҳбат мекарданд, ки гӯё дар хонаи худ бошанд. Аммо гуфтугӯи онҳо хело ҷолиб буд: атрофиён чизе нагуфта бодиққат онҳоро гӯш мекарданд. Яке тарафи дигаре бо хушҳолӣ мегуфт: «Э дугонаҷон, як ҳафта мешавад, ки хонаи ман хостгорон барои духтарам, ки ҳоло синфи 10 мехонад, меоянд. Ҳамаи хостгорон инсонҳои хубанд, аммо дар байнашон яке аз онҳо ба ман маъқул шудааст. Аз суханрониашон маълум аст, ки шахсони таҳсилдидаву сарватманданд. Писарашон имсол донишгоҳро хатм мекунад ва, ба фикрам, прокурор ё судя шуда кор мекардааст. Ҳарчанд кӯшиш карда истодаам, ки шавҳарам розигии худро ба онҳо бидиҳад, аммо заҳматҳоям натиҷа надода истодааст. Ӯ мегӯяд: «Ҳоло духтарамон дар мактаб хонда истодаасту хело ҷавон аст, бигзор мактабро хатм кунад, баъд як фикр мекунем». Охир кӣ медонад, боз чунин одамони хуб пайдо мешуда бошад ё на». Зани дигар, ки ҳамсуҳбати худро бо диққат гӯш мекард, бо алам гуфт: «Хоҳарҷон, кору гуфтаи ҳамсарат бисёр хуб аст. Ман чанд сол пеш ин хаторо содир кардам ва имрӯз ранҷ мекашам. Духтарам ман синфи 11 мехонд, хостгорони зиёд дари хонаамро мекӯфтанд. Баъди «не»-гӯиҳои зиёд нохост фиреб хӯрдаму ба як оилаи зоҳиран хубу сарватманд розигии худро додам. Ҳарчанд шавҳарам аз ман бисёр хоҳиш кард, ки ин корро накунам, аммо ба гапи ӯ гӯш надодам. Намехостам чунин «оилаи хуб»-ро аз даст диҳам». Чашмони зан пур аз об шуданд. Вай бо рӯймоли калони сафеди сараш ашки чашмонашро пок карда, ҳикояи худро давом дод: -Пас аз шаш моҳ духтарам аз зиндагӣ шикоят карданро сар кард. Ман дар аввал он қадар аҳамият намедодам ва ба зиндагии онҳо дахолат намекардам. Охир зиндагӣ пастиву баландӣ дорад. Мову шумо ҳам медонем, ки дар зиндагии мустақилона байни зану шавҳар баъзе вақт нофаҳмиҳо рух медиҳад. Рӯзе маҷбур шудам ба хонааш бираваму сабаби муноқишаҳоро бифаҳмам. Вақте ба хонаи духтарам даромадам, аҳволи ӯро дида, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Чунон лоғар шуда буд, ки дар баданаш танҳо устахон монда буду сару рӯяш аз гиряи зиёд варам карда буд. Таги чашми росташ кабуд буд. Шавҳараш ӯро қариб ҳар шаб зери лату кӯб қарор медодааст. Хушдоманаш боқаҳр саломамро алейк гирифту баъд аз сонияе ба шикоят даромад: «Аз дасти духтари ту коре намеояд. То нисфи рӯз хоб меравад. Ҳатто субҳ барои шавҳараш хӯрок тайёр намекунад, то ки шавҳараш гушна ба кор наравад. Ман қариб ҳар рӯз ӯро саоти 10-11 аз хоб бедор мекунам. Намедонам ту вайро чи хел тарбия кардаӣ, ки на хӯрок пӯхта метавонаду на кори ҳалол карда метавонад. Хубаш духтаратонро гирифта бо худ бареду корро ба ӯ омӯзед». Ман аввал оромона шикояти ӯро бо диққат гӯш додам, аммо дигар тоқат карда натавониста, сӯйи ӯ бо садои баланд гуфтам: «Ҳе занак вақте шумо ба хонаи ман хостгорӣ омадед, духтари ман ҳамагӣ 17 сол дошт. Ба шумо дар аввал «не» гуфтам, аммо шумо хирагӣ карда, 3-4 маротиба дари хонаи маро кӯфтед. Ман ба шумо гуфа будам, ки духтарам ҳоло хело ҷавон аст, бисёр корҳо аз дасташ намеояд. Ҳоло ӯ ба тарбия ниёз дорад. Шумо чи ҷавоб дода будед? -«Ҳеҷ гап не, мо ҳам дар ҳамин синну сол шавҳар карда будем, коре аз дастамон намеомад, аммо хушдоманамон кори хонаву зиндагии мустақилонаро ба мо ёд дод. Ман ҳам модар, пеш аз ҳама зан ҳастам, шумо ташвиш накашед, худам ҳама кору зиндагиро ба ӯ меомӯзам, шумо танҳо ба тӯй розӣ шавед. Пас аз шунидани ҳикоя зане, ки дар пушти ин ду зан менишаст чунин гуфт: «Апаҷон, шумо рост мегӯед. Ман ҳам тарафдорӣ суханони шумо. Аммо якчанд соли охир дар ҷомеа як анъанаи бисёр бад рафта истодааст. Ин ҳам бошад таваҷҷуҳ бештар ба духтарони хело ҷавон аз тарафи волидон мебошад. Яъне, мо модарони бачадор кӯшиш мекунем, ки барои писаронамон бештар духтарони 17-18-сола, ҳатто 16-сола ҷустуҷӯй ёбем. Мо-бузургон, хусусан занон орзуи келини хело ҷавонро мекунем, аммо вақте ӯро ба хона меорем, тоқати рафтору гуфтор, нозу хоҳиш ва тарбияи ҷавонӣ ва ҳатто кӯдакиашро намекунем. Маро зани калонсоли деҳа гуфта, ҳамсояҳо бештар ба муноқишаҳои оилавии фарзандонашон ҳамроҳи худ мебаранд. Шикояти бештари хушдоманҳо, ин «хело дер аз хоб мехезад, хӯроки болаззат пӯхта наметавонад, аз уҳдаи кори хона намебарояд, бо телефон зиёд суҳбат мекунад, гапгардон аст» мебошад. Онҳо андеша намекунанд, ки дар ин синну сол ҷавон бештар ба хоб ниёз дорад, ба кори хона камтар аҳамият медиҳад ва ғайра. Дигар ин ки ҳар як хонавода урфу одати худро дорад. Барои омӯхтани он барои духтарони ҷавон камаш 4-6 моҳ лозим аст. Хӯроке, ки духтарак дар хонаи худ тайёр мекунад, дар назари оилаи онҳо болаззат аст. Ин таҷриба аз сари худи ман гузаштааст. Ман дар наврасиам қариб тамоми хӯрокро пӯхта метавонистам ва ҳатто болаззат. Тамоми хешовандон ва ҳатто ҳамсояҳоямон баъди хӯрдани хӯроки пӯхтаи ман, лаззат мебурданду аҳсан мегуфтанд. Вале вақте ба хонаи шавҳарам рафтаму хӯрок тайёр мекардам, хуштоман такрор ба такрор мегуфт, ки хӯроки болаззат тайёр карда наметавонӣ. Баъд аз як сол кам-кам таъриф карданро оғоз кард. Ман ҳайрони баъзе аз чунин занонам. Онҳо, ки худ дар ҷавонӣ ҳамаи ин дарду аламро аз сар гузаронидаанд, пас чаро имрӯз рафтори келинҳои худро тоқат карда наметавонанд? Охир онҳо хуб медонанд, ки ин рафтори келинҳояшон якчандрӯзаанд, бо тарбия намудан рӯзе не рӯзе ҳамаи инро меомӯзанду келини хуби хона мешаванд. Охир моро ҳам хуштоманамон кору зиндагии мустақилонаро омӯзанду роҳи дурустро нишон дод. Бо ин амалҳои сатҳӣ келинҳои худро назди писаронашон сиёҳ мекунанду онҳоро зели лату кӯб қарор медиҳанд ва ҳатто ҷигарбандонашонро маҷбур мекунанд, ки ҳамсаронашонро талоқ диҳанд. Мо бузургон бояд бештар кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бо насиҳату рафтори хуб ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ намоем. Охир онҳо низ инсонанду ба зиндагии хуб ниёз доранд». Дар ҳакиқат, имрӯз бархе аз модарон бештар кӯшиш карда истодаанд, ки барои фарзандонашон духтари хело ҷавон (16-17-18-сола)-ро келин кунанд. Имрӯз интихоби духтари ҷавон дар ҷомеа муд шудааст. Духтарони аз 20-сола боло ба назари онҳо «пирдухтар» ба ҳисоб меравад. Андеша намекунанд, ки духтарони аз 20-сола боло ақли зиёд ба зиндагии мустақилона доранд. Онҳо дар ин синну сол пӯхтупазро хубтар меомӯзанд, эҳтироми шавҳарро нағзтар ба ҷо меоранд, ба гапи калонсолон гӯш медиҳанд, гапгардонӣ намекунанду то қадри имкон ба туҳмату таънаи хуштоману хусур тоқат мекунанд, чунки дар ин давра ҷӯшу хурӯши ҷавониаш пасттар мешавад. Яъне, «пераходной возраст»-ро паси сар мекунанд. Андеша намекунанд, ки духтарони калонсол бо сабабҳои гуногуни зиндагӣ солашон калон шудаанду шавҳар накардаанд. Як қисмаш аз якравии волидон ба ин рӯз расидаанд. Ба хонаи онҳо хостгорҳои зиёде меояду падару модар дороӣ ва дигар паҳлуҳоро ба инобат гирифта, розигии худро намедиҳанд. Ё ин ки интизори яке аз хешовандон ва ҳамшаҳриҳои худ мешаванд. Қисми дигараш дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил кардаанду соҳиби касб шудаанду вақти шавҳар карданро надоштанд. Қисмати дигараш аз ночориву камбағалӣ шавҳар накардаанд ва амсоли ин. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Тағозода вобаста ба мавзӯи мазкур бо нигаронӣ гуфт, ки дар ҳақиқат духтараконе, ки синну солашон калон асту шавҳар накардаанд, дар ҷомеа дида мешавад. Махсусан дар ноҳияҳое, ки деҳаҳо ва ҷамоатҳои алоҳидае, ки аҳолиашон камтар аст. Аз соли 2011 ин тараф пошхӯрии оилаҳо бештар шуда истодааст, ки хело ташвишовар аст. Яке аз сабабҳо ин аст, ки имрӯз падару модар ва писарони онҳо он духтараконеро барои ҳамсарӣ интихоб менамоянд, ки хело ҷавон ҳастанд, нав мактаби миёнаро хатм кардаанду ба ҳаёти оиладорӣ тайёр нестанд ва фаҳмиши онро наонқадар хуб дарк карда метавонанд. Вақте ман дар ноҳияи Кӯшониён қарор доштам, ҳангоми қабули шаҳрвандон модаре писари худро назди ман барои машварат овард . Баъд аз салому алейк модар якчанд сония хомӯшона гоҳ ба ман нигоҳ мекарду гоҳ ба писараш ва намедонист чи тавр суханро оғоз кунад. Ман ҳолати ногуворашро дарк карда, аз ӯ пурсидам, ки «апаҷон, чӣ гуфтан мехоҳед?». Зан мисли оне, ки чизеро интизор буд, ба сухан оғоз кард: «Хоҳарҷон, ҳамин писари камақлу беандешаам мехоҳад аз ҳамсараш ҷудо шавад. Охир онҳо ба наздики тӯй кардаанд, ҳатто 6 моҳ нагузаштааст. Пеш аз тӯй ман барои ӯ як духтареро, ки колеҷи тиббиро хатм кардаасу соҳиби касбу маърифати баланд дошт, барои издивоҷ пешниҳод кардам, қабул накард. Дидам, ки қабул намекунад, боз чанд духтари зебову таҳсилкардаро ҷӯста барояш пешниҳод намудам, боз қабул накард. Ӯ танҳо як суханро такрор ба такрор мегуфт: «Ма як чӯҷаша мегирем» (яъне духтари хело ҷавонро). Мо ҳам маҷбур шудем, духтараке, ки 18-сола шуда буд, гирифта ба ӯ додем. Ҳарчанд ба ӯ мефаҳмонам, ки кори мекардаат хато аст, ҳаёти як духтари ҷавонро месӯзонӣ. Аммо вай маро гӯш накарда истодааст ва мехоҳад…». Баъди шунидани ин суханҳо рӯй ба ҷавон оварда, пурсидам, ки писарҷон, барои чӣ шумо аз ҳамсаратон ҷудо шудан мехоҳед? Магар ягон гуноҳи сахт содир кардааст? -Апаҷон, ман пас аз гирифтани вай пӯшаймон шудам. Аз дасташ коре намеояд. То ҳол ҳама кори хонаро модарам мекунад. Дигар намедонам чӣ… -ҷавоб дод ҷавон. -Бачаҷон, ягон баҳона пеш набиёр. Ягончи сабаб шуда наметавонад. Барои ту духтаронеро пешниҳод кард буданд, ки соҳиби касбу ҳунар ва ақли расо буданду нону хӯроки болаззат пӯхта метавонист, интихоб накардӣ. Худат гуфтӣ «як чӯҷаша мегирам». Модоме, ки «чӯҷаша» гирифтӣ, ана акнун маҷбур ҳастӣ нозу эркагии ӯро бардорӣ. Охир ҷудошавӣ роҳи ҳалли масъала нест, - гуфтам ман ба ҷавон. Ҳамзамон ба вай пешниҳод кардам, ки ҳамсарашро бурда дар яке аз марказҳои касбомӯзӣ гузорад, то ки ҳам тахсил намояду ҳам касбе омӯзад. Хушбахтона ӯ розӣ шуд. Ҳамсараш имрӯз дӯзандаи пешқадам ҳасту зиндагиашон хуб рафта истодааст,-афзуд дар идомаи суханаш раиси Кумита ва илова кард, ки имрӯз дар ҷомеа ҷавононе ҳастанд, ки худ ҳунар надоранду дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд. Аз ҳисоби падару модари худ умр ба сар мебаранд. Худ, ки дар ҷое кор намекунанду рӯзи дарози худро дар назди телевизион мегузаронанд. Бо ин аҳвол боз мехоҳанд аз занаш ҷудо шаванд. Барои ҳамин боз такроран аз волидони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки ҳангоми шавҳар додани духтарони худ ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Ҳар гоҳе хонаашон хостгор меояд, бояд аз падару модари писар бипурсанд, ки писари шумо ягон ҳунар дорад? Дар ягон ҷо кор мекунад? Хизмати модар-ватанро адо кардааст? Ягон мактаби олии кишварро хатм кардааст? Мустақилона зиндагии худро бурда метавонад. Ман аз тамоми модарон хоҳиш мекунам, ки ҳангоми ба шавҳар додани ҷигарбандони худ ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Саросемагии онҳо метавонад, ҳаёти духтарони худро бисӯзонад. Хуб мешавад, ки онҳо то қадри имкон духтарони худро хононанду соҳиби касбу ҳунар кунанд, то ки фарзандонашон дар оянда азоб накашанд. Шаҳло Эшонов, рӯзноманигор ва пеш аз ҳама зани калонсолу таҷрибаи зиндагӣ дошта мегӯяд: «Тоҷикистон кишварест, ки дар он урфу одат ва анъанаҳои миллӣ рушд намудаву риоя мегардад. Никоҳи барвақтии фарзандон низ аз зумраи ин анъанаҳост. Чунин ҳолатҳо зиёд ба назар мерасанд, ки духтаронро бе қайд дар шуъбаҳои САҲШ, бо анҷом додани никоҳи мусулмонӣ ба шавҳар медиҳанд. Вақте чунин оилаҳо пош мехӯранд, барасмиятдарории бекоршавии ақди никоҳ ва таъини кумакпулиҳо мушкилоти зиёд пеш меоранд. Дар воқеъ, вақте як духтар ё навҷавонро дар навҷавонӣ оиладор мекунанд, ӯро аз хушиҳои даврони наврасӣ маҳрум месозанд, чун шахс бояд қабл аз издивоҷ ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ рушд намояд. Мутаассифона, имрӯз дар аксар минтақаҳои кишварамон ба таҳсили писарон бештар афзалият медиҳанду духтаронро ҳанӯз аз синни хурдсолӣ аз мактаб дур мекунанд. Аммо маҳз духтарон бояд бомаърифату саводнок бошанд. Духтар бояд барои модар шудан омода бошад, яъне саводи кофӣ, таҷрибаи ҳаётӣ ва тарбиявӣ дошта бошад, чун тарбиятгари асосӣ дар оила ин модар аст. Вақте духтаронро хеле ҷавон ба шавҳар медиҳем, онҳо дар зиндагӣ ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд, чун онҳо аз лиҳози равонӣ ба ҳаёти мустақилона омода нестанд, масъулияти оиладориро намедонанд. Инсон зиндагии ҳаққонии худро ҳамон вақт эҳсос мекунад, ки бо илму маърифат мусаллаҳ бошад. Таълими дурусту саривақтӣ қадами устувор гузоштан дар ҷомеаи пуртазод аст. Дар ниҳоди кӯдакону наврасон бедор намудани шавқ ба хондану илм омӯхтан ин вазифаи аввалиндараҷаи волидон аст. Дар баробари ин саҳми мактабу муаллимон низ набояд камтар аз оила бошад. Муаллим пеш аз ҳама бояд мураббӣ ва тарбиятгар бошад, на назоратчӣ». Коршиносону занони бузургсол бар он андешаанд, имрӯз замоне расидааст, ки ҳар як падару модар бештар дар фикри он бошад, ки чӣ тавр ва ба кадом роҳ духтари худро хононаду соҳиби илм ва касбу ҳунар намояд. На дар андешаи он ки зудтар ва бармаҳал ба шавҳар диҳад. Аз бархе ҷавонписарони имрӯза на онқадар бӯи умед аст. Онҳо худ камсавод ва бекасбу ҳануранд. Касе нест худашонро хӯронаду пушонад. Мисли давлатҳои Аврупо бигзор бонувон аввал мактабу донишкадаро хонанду соҳиби касб шаванд, баъдан шавҳар кунанд. Агар онҳо баъди оне, ки аз шавҳари худ ҷудо шаванд, кори мувофиқе пайдо кунанду дар хонаи волидонашон зери таънаву маломат қарор нагиранд. Баъд аз таҳқиқи мавзӯъ маълум гардид, ки барои бартараф кардани ин мушкилот пеш аз ҳама аз волидон, хусусан модарон вобаста аст. Агар онҳо таваҷҷуҳ на ба духтарони хело ҷавон, балки бонувони калонсол, ки то ҳол шавҳар накардаанду рӯзгордориро хуб дарк менамоянд, ба ҳаёти мустақилона тайёранд, кунанд ин проблема худ аз худ аз байн меравад. Дар баробари ин зиндагии оилавии писаронашон ҳам хуб мегардад. Дар оилаи фарзандонашон зӯровариву муноқиша камтар, ҳатто аз байн меравад. Дигар ин ки ҷавонон бояд худашон андешаи боақлона ва дурандешона кунанд, ки барои зиндагии солим барпо кардан бояд, ки духтарреро интихоб намоянд, ки вай соҳибкасб, соҳибҳунар ва пеш аз ҳама соҳибэҳтиром бошад. На духтаракеро, ки мактаби миёнаро хатм кардаасту на ҳибкасб асту на маърифати рӯзгордориро хуб дарк мекунад. Ҳасан Азизов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.