Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КӮҲИСТОН ГУЛИСТОН МЕШАВАД

КӮҲИСТОН ГУЛИСТОН МЕШАВАД

17-10-2018, 15:30
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
КӮҲИСТОН ГУЛИСТОН МЕШАВАД
Сафари гурӯҳи кории мо дар ҳайати муовини раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Меҳринисо Бобобекова ва банда хабарнигори нашрияи марказии ҲХДТ – Ҳуриннисо Ализода аз 15 октябр то 19 идома ёфт
Ба назди мардум рафтану аз ҳолу аҳволи онҳо дар маҳалли зисташон ошноӣ пайдо кардан, ба онҳо иттилоъ додану ҳарфи онҳоро шунидан яке аз самтҳои кор ва усули санҷидашудаи амалҳои ҲХДТ аст.
Ин бор ҳам мо,чун солҳои қаблӣ дар чеҳраҳои мардум самимият, дар рӯзгорашон офият ва дар андешаашон ваҳдату шукргузориро дарёфтем. Ҳарчанд ҳамагон хуб медонем, ки ҳанӯз дар рӯзгори мо мушкилоти иҷтимоӣ зиёд асту роҳи ҳалро интизор, вале он дастовардҳои дар ин муддати кутоҳ ба зиндагии мардум воридшуда, эшонро ба фардои рӯшан бештар умедвор мекунанд. Акнун дар зеҳни мардум андешаи дар ин созандагӣ дасти ба даст будану шахсан ширкат доштан ва барои фардои фарзандон имрӯз зербино гузоштан, рӯшан ҳувайдову пайдост. Маҳз ана ҳамин рӯҳияи солими хештаншиносӣ ва шаҳрванди фаъоли ҷомеа буданро мо бояд дар қалби ҳар кадомамон ҷойгузин намоем, зеро хуб медонем, ки ҳамчуноне, ки Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат ва Президенти маҳбуби кишвар таъкидан мегӯянд, ҳеҷ касе омада хонаи моро обод намекунад, магар, ки худамон.
Дар ин 5 ноҳияи машҳур ба водии Қаротегин мушкили мардум ҳамранг бошад ҳам дастовардҳояшон гуногун аст.
САНГВОР
Ба ин ноҳияи дури кӯҳистон, ки машҳур бо номи Тавилдара аст, ман бори аввал сафар мекунам. Ҳамон Тавилдарае, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ бо даргириҳои гӯшношуниди хеш «овозадор» гашта буд. Ин пораи зебои кӯҳистони Тоҷикистон бо боду ҳавои нотакрор, кӯҳҳои пурганҷ, мардуми бовиқор ва роҳҳои ноҳамвораш миёни навоҳии ин минтақа фарқ мекунад.
Мушкилоти мардумони ин ноҳия, ки шояд дар ҷойи аввал ноҳамвории роҳ аст низ чун ағлаби проблемаҳои кишвари мо баъдан аз бекорӣ сар мешавад. Нобуди ҷойҳои корӣ дар ин шароити танги кӯҳистон мушкили дигареро бо номи «муҳоҷират» ба бор меорад. Аммо бурди бошандагони Сангвор ин аст, ки дар ихтиёр замину чарогоҳҳо ва боғҳои бузургу дарахтони серҳосил доранд, ки нисбат ба зиндагии мардум дар навоҳии таҳдашт бартарият аст.
Муовини раиси ноҳия моро ба толори маҷлисгоҳ, яъне қасри фарҳанг мехонаду бо ворид шудан ба он ман фаромӯш мекунам, ки бо ҳамин роҳи дарозу валангор кӯфтаву шалпар ба як мавзеи кӯҳистон омадаам. Қасри зебои фарҳангӣ ва чеҳраҳои самимиву лабони пуртабассуми мизбонон гувоҳи он буд, ки мардум дар ин макон болидахотиранд.
Раъно Бобоҷониён зимни суханрониҳои хеш ба ҳозирин аз самтҳои сиёсати ҳизбӣ ва нақшаву дурнамои он иттилоъ дода, таъкид бар он дошт, ки кори ҳизбӣ-идеологӣ натиҷаҳои мудаввом дораду дар як рӯзу ду рӯз натиҷаҳои онро дидан имкон надорад. Зеро бо андеша ва эътимоди мардум ҷой гирифтан ва сазовор гаштан роҳест, тӯлонӣ ва мудаввом, ки мо онро бояд сипарӣ созем. Мавсуф оид ба нақши ҳизб дар таҳкими ҷомеа ва равандҳои кори созандаи ҳизб, ташаббусҳои ҳищбӣ ва мақому мавқеи ин ҳизби номдор ёдовар шуда аз аъзои он дар ин ноҳия даъват ба амал овард, ки ба идеологияи ҲХДТ бештар содиқ бошанд ва пешбарандаи он миёни мардум бигарданд.
Дар толор дар қатори бонувони хонашин занҳои зиёде менишастанд, ки аксаран тибқи квотаҳои президентӣ таҳсил кардаву соҳибмаълумот гаштаву имрӯз соҳиби ҷои кор шудаанд. Ин ҳолатро 20- сол муқаддам дар ин ноҳия ҳатто тасаввур карда намешуд. Ҳини бозгашт ман ба осмони софи ин ноҳия ва куҳҳои сар ба афлоке, ки чун девор нигоҳбони мардуми хушрӯзгори он буданд, нигаристаму бори дигар бовар ҳосил кардам, ки Тоҷикистон порае аз биҳишт аст. Дар пояи қуллаи «Тамара», ки намое аз вуҷуди тани зан дар санг аст, хаёлан паёмеро хондам, ки занони ин макон ба ана ҳамин қуллаҳо хоҳанд расид ва он рӯз дур нест.
НУРОБОД
Дар ноҳияи номдори Нуробод, мардумони зиёде дар толори барҳавои мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки хеле бинои муосиру зебост ба ҳам омада буданд. Миёни ҳизбиёни ин ноҳияи замонавӣ ҷавонону занҳо дар толор бартарият дар шумор доштанд. Ин дарак аз он медод, ки таваҷҷуҳи ин қишри ҷомеа ба сиёсат бештар гаштааст.
Аҳли толор чун дар дигар навоҳӣ аз суханрониҳои ҳунармандонаи узви Маҷлиси миллӣ ва шоираи шинохта Меҳриннисо Бобобекова лаззати маънавӣ мебурдан. Мавсуф аз таърихи миллати тоҷикон, шаҳомати мардони фидоии он ва муборизаҳои чандинасраи ин миллат барои нигоҳдошти мақом ва фарҳангашон сухан гуфта, дар зеҳни ҳозирин ифтихори ватандориву хештаншиносиро меафзуд.
Ӯ аз щеърҳои ватандӯстонааш барои Ватан, Тоҷикистон, забони модарӣ, номус ва ифтихори миллӣ ишқу муҳаббат ба модар, ба зиндагӣ ва муҳаббати поки инсонӣ бо назм қиссаҳо мекард. Аҳли толор, ки ташнаи чунин маҳфилороёну суханварон буданд, дар ҳошияи гуфтаҳои меҳмонон изҳори назар мекарданд.
Хабари дар моҳи ноябр ба истифода дода шудани як агрегати Роғун ба дили ин мардумони соҳибмулк нидои шодмониро ҷо мекард. Ҳар касе ба сухан мебаромад, аз рушди ноҳия дастовардҳои мардум ва дар баробари ин масъалаҳои ҳалношудаи рӯзгори халқ масъалагузорӣ мекарданд.
Бо шунидани иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат андешаҳои хешро иброз мекарданд.
Меҳмонхонаи ба наздикӣ бунёдёфтаи ин ноҳия қасри забарҷадеро мемонд, ки шаҳодат аз шоҳкориҳои ҳунармандони тоҷик будаву ҳастанд. Чунин иншоотҳои замонавӣ дар ин «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо доштани инфрасохтори замонаӣ ҷалби сайёҳон хеле муносиб асту сутуданӣ. Зеро табиати бою обу ҳавои мусоиди ин ноҳия низ чун ноҳияҳои дигари минтақаи Рашт барои рушди сайёҳӣ, хеле мусоид аст. Дар ин ноҳия ҳам ҳанӯз нарасидани ҷойҳои корӣ ва ба муҳоҷират рафтани мардҳо аз мушкилоти ҷойдошта маҳсуб мешаванд. Хушбахтона, китобхонаҳову қасрҳои фарҳанг, омӯзишгоҳу макотиби ҳамагонӣ, толорҳои варзишӣ ва дигар мавзеъҳои фарҳангиву тафреҳӣ дар ин ноҳия низ аз шумули ифтихороти бошандагон аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохта шудаанд.
Руҳияи мардуми Нуробод низ болидаву хушҳол аз зиндагии осуда пайи заҳмат барои пешбурди зиндагӣ ба сар мебаранд. Маркази ноҳия дар муқоиса бо солҳои пешин ободу зебост, ки ин ҳама нишоне аз пешрати кишвар дар маҷмӯст.
Ҳуринисо Ализода, Душанбе-Сангвор-Нуробод-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: