САРИ ХОСОР ВА ТАБИАТИ НОТАКРОР20-08-2017, 12:44
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Дар бораи мулки хушбоду ҳаво ва манзараҳои афсонавӣ доштани ин пораи хоки Ватанамон ҳанӯз аз хурдӣ қиссаҳо шунида будаму азбаски бачагиҳоям дар заминҳои тахту ҳамвор, саҳроҳои беканори пахтазор, қамишзорҳои пурхомӯшаку роҳҳои тахту ҳамвори ноҳияи навташкили Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) гузашта буд, ба рақамҳои китоби география, ки 93 фоизи кишвари мо аз кӯҳҳо иборат асту онҳо пуро-пури канданиҳои фоиданоку дарахтони мевадиҳандаанд, бовар карда наметавонистам. Аҳолии ноҳияи мо чун навоҳии Фархору Восеъ аз чаҳор бурҷи собиқ вилояти Кӯлоб – аз кӯҳистони Даштиҷуму Сари Хосор, Ховалингу Балҷувон ба хотири пахтакорӣ муҳоҷир шуда омада буданд, ки он гувоҳи сиёсати ҳамонвақтаи давлати пурқудрати Шӯравӣ буд. Барои мо кӯдакони хурдсоли аз куҳистон овардашуда ва ё ин ҷо тавлидёфта шунидани қиссаҳои ҷигарсӯзи волидону бобоёну модаркалонҳо дар бораи зебоиҳову хушбоду ҳаво будани зодгоҳашон дар куҳистон ҷолиб буд, вале боварнакарданӣ. Деҳаи замонавии (совхози ба номи С. Турдиев) мо нишоне аз он нақлҳои калонсолон дар бораи «ватан»-ашон надошт, ки мо ба намунае аз диданҳомон ба шуниданҳомон қиёсу бовар бисозем. Куҳистони Даштиҷуму Балҷувону Ховалингробаъдан ман дар чилсолагиам дидаму ба паҳнои ин диёри куҳистон ва бойигариҳои табиияш бовар ҳосил кардам. Аммо Сари Хосори таърифӣ ва он шар-шараи афсонавияш орзуи деринаи ман то ҳафтаи сипаришуда боқӣ буд. Аҷибаш он буд, ки зодагони ин чаҳор минтақаи куҳистонимо ҳар кадоме тамоми умр мекӯшиданд, ки зодгоҳи хеш ё ба қавли маъмулӣ «ватани бобияшон»-ро беҳтарин нишон бидиҳанд. Хубтарин макон ва хушрӯтарин маҳал биноманд ва бо ин мақсад ҳар кадоме «ватан»-и хешро биҳишти рӯйи замин мехонд. Вале мо тифлону баъдан ҷавонони шӯравии миёни пахтазорону заминҳои тахту ҳамвор бузурггаштаро ин қиссаҳо чизе намедод, зеро онҳо на навореву на аксе аз он ҷойҳо ба ёдгор надоштанд, ба ҷуз оби чашму ҳасрати чашмаҳои яхбарину мусаффои зодгоҳҳояшон. Инак, бо даъвати дӯстони хубам ман ба орзуи дидани деҳоти Сари Хосор дар миёнаи моҳи июли соли равон расидам ва бовар кардам, ки ҳамаи қиссаи калонсолони мо дар бораи кӯҳистони зодгоҳашон ҳақиқати маҳз доштааст. Ба ҳудуди ноҳияи зебоманзару сабзу хуррами Ховалинг, ки ман панҷ сол бошандаи он будам, расидему аз ҳавои серуни он нафас кашида ба дӯстонам, ки бори аввал ин ноҳияро медиданд, тавсиф кардам: «Ана инро боду ҳаво ва обҳои бомаззаи бе яхчоли куҳистон мегӯянд, ки ман ин ҷо худро ба даҳсолаҳо ҷавону ба маротиб хушбахт эҳсос мекунам». Воқеан ба қавли мардум даҳони ҳамсафарони ман бо дидани Ховалинги сабзпӯш ва чашмаҳои яхини мазори «Ҳазрати Султон», хониши булбулону оромии таскинбахши ин пораи диёр «воз» монд. Аммо ман худ намедонистам, ки пагоҳ, вақте ки ба Сари хосор меравем, яке аз он ҳайратзадаҳо худи ман мегардам. Баъди зиёрати ин мазори овозадор мошини мо роҳ ба сӯйи Сари Хосор гирифт, ки рӯ ба боло буд. Лаҳза ба лаҳза ҳавои Ховалинг салқинтару манзараҳои зебои он зеботар мегашт. Мо дар зеботарин қуллаҳо таваққуф мекардему навору акс мегирифтем. Аз гулу гиёҳҳои садранги қуллаҳо мечидему аз ҳавои софу шамолҳои навозишгари куҳистон лаззат мебурдем. Дар дараву хамгаштҳо гаҳ-гаҳе қуттиҳои замбури асал ва хаймаҳои чӯпонон вомехӯрданду аз дур дар қуллаҳо рамаи бузу гӯсфандони дар чаро завқи моро ба табиат ва манзараҳо бештар меафзуд. Чун кӯдакон ҳар гулеро бӯй, ҳар буттаеро даст ва ҳар дарахтеро акс гирифтан мехостем. Аммо ин зебоиҳо афзоянда буданду ҳайрати мо афзояндатар. Инак, мо аз баландиҳои кӯҳҳои ҷомасабз ва пургиёҳу дарахтзорони бешумор бовар мекардем, ки ватани мо воқеан биҳиштосост. Ин манзараҳои табиати бокираи афсонавиро, ки зебоиҳояш, рангорангиҳояш ва нотакрорияш тасвирнопазир аст, танҳо оне бовар мекунад, ки худ бубинад. Сангови паҳну беканор ва оби ширгарми дарёи Сурхоб бо он ки пуропури дарахтони азимҷуссаи селовард ва ҷо-ҷо дарахтони бузурги побарҷо аз селҳои баҳорист, зебу зиннати хоси худро дорад. Бори аввал мебинам, ки миёни сангистони паҳно дарахтони пиру азимҷусса, ки сел аксаран решаҳои онҳоро урён кардааст, бо чи муқовимате ба ҳодисоти табиӣ зистан доранд. Танаҳои ғафси ин дарахтон гувоҳи «синну сол»-и бузурги онҳост. Аммо иқтидори ҳамасола ба барфу борону сел муқовимат карданашон ногуфтанӣ, балки диданист. Роҳи тӯлониеро аз миёни ин сангови паҳно мошини мо гоҳе бо суръату гоҳе ором тай мекарду мехостем боз ду чашми дигар пайдо кунему ин афсункориҳои табиатро бештар бубинем ва дар ҳофизаи хотираҳо манзараҳои бештареро аккосиву сабт созем. Оҳ, чи табиати бокираву чи афсункориҳои табиӣ дорад, кӯҳистони мо. Шоми нахустини ин саёҳати хотирмони мо дар деҳаи «Шибдара»-и ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо шодии беандозаи соҳибони хонаи амаки Солеҳва ошноии онҳо бо мо журналистону эҷодкорон дар долони барҳавои ин хонадон ширин мегузашту мизбонон мехостанд мо бештар аз таомҳои хони оростаи онҳобештар бихӯрему ба суолҳои эшон посух бигӯем. Дар бораи маззаи хоси гӯшти кӯҳистон ва ширу ҷурғот, нонҳои лазизу хӯрокҳои маҳаллӣ, ки таъми аҷоиб доранд, чизе намегӯям, зеро ҳар зодаи кӯҳистон инро медонаду ҳар меҳмони он ҷо буда, онро фаромӯш намекунад. Шодии мизбони ҳар як хонадоне, ки мо тӯли 5 рӯзи ин сафар медидам, ба хотири ман замони кӯдакиямро меовард, ки аммаам бо занҳои дигари хешу табор ба хонаи мо меомаданду хонаи моро тӯйхона мекарданд. Омадани ҳар як меҳмон, ҳатто агар ӯ як моҳ ҳам меистод, рӯҳияи идонаву тӯёнаи он замонҳо моро як лаҳза кам намекард. Шодӣ аз омадани меҳмон дар қалб, чеҳра ва чашму нигоҳи хурду калони хона нур меборонд. Ман инчунин ҳолати қабули меҳмонро чандин соли охир гум карда будаму акнун дар хотиротам он ёдҳои хуш, бедор мегаштанд. Шаршараи номдори Сари Хосор, ки аз рӯйи баъзе иттилоот дар қатори бузургтарин ва зеботарин шар-шараҳои ҷаҳон аст, воқеан як мӯъҷизаест, ки касро дар ҳайрат мемонад. Кас ба шохобчаҳои бешумор, паҳнои он ва шасти ин шар-шара нигариста аз зебоиҳои табиии он завқ мекунаду чунин ба назар мерасад, ки сарчашмаи он кӯл ё дарёи бузурге бояд бошад, аммо онҳое, ки ба баландӣ ё сарчашмаи ин шаршара баромада метавонанд, қисса мекунанд, ки он чашмаест, ки гӯё бо қубуре, ки ғафсиаш ба банди даст баробар аст, шабоҳат дорад. Инак аз соли 2003 ин мавзеъ расман «Боғи табиии Сари Хосор» ном гирифта бо Қарори Ҳукумати ҶТ ба ҳудуди ноҳияи Балҷувон шомил гардидааст. Дар маҷмӯъ ин боғи дорои шаршара аз қадим ҳамчун мавзеи «Пушти боғ» миёни мардум шинохта шуда, ҳудуди 3805 гектар заминро ташкил медиҳад. Боғи мазкур воқеан мавзеи нотакрорест, ки дарахтони табиии он асосан аз чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳандаи куҳӣ ва буттаву гиёҳҳо иборат аст. Ҳамчунин дар ин боғи табиӣ ҳайвоноти гуногун ва паррандаҳои нодир низ муқимиянд. Боғи мазкур аз шумули боигариҳои табиии Тоҷикистон маҳсуб гашта, ҳудуди он аз тарафи давлат ҳифз карда мешавад ва барои рушди туризми дохилӣ ва хориҷӣ макони беҳтарине маҳсуб мешавад, ки то кунун мутаассифона мо аз мафоиди он бенасиб мондаем. Мутаассифона, дар ин минтақаи зебову хушбоду ҳаво мардум чун дигар манотиқи кӯҳистони нообод мушкилоти хосаи хешро доранд, аммо рӯзҳои сафари мо ба он ҷо мардум як рӯҳияи хосе доштанд. Онҳосафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои гузоштани санги асос дар оғози сохтмони роҳиБалҷувон-Сари Хосор доир мегашт, интизорӣ мекашиданд. Онҳо аз ин сафар ва мулоқоту дидорбинӣ интизориҳои зиёде доштанд. Ҳама медонанд, ки роҳ барои ободӣ ва рушд муҳимтарин василаест ва хоса роҳ ба куҳистоне, ки онро дараҳои касмагузар ва сангобҳои паҳну беохир аз дигар минтақаҳо ҷудо месозад. Вале мардуми ин диёри кӯҳдоман солҳо мунтазир нишастанд, то дар расидан ба бунбасти коммуникатсионӣ навбат ба онҳо ҳам бирасад, ки инак он даррасид. То имрӯз деҳоти хурду бузурги Сари Хосори машҳурро тамоми давраи баҳору тирамоҳ ва зимистони пурбарф селобҳо бо роҳвайронкуниҳои он аз ҳам ҷудо мекард. Мушкилоти обу барқ, тибу маориф ва сохтмону алоқа дар ин ҷо гӯё як амри табиӣ буду ҳаст. То ин дам дар ҳоле, ки бо тамоми ҷаҳон мо дар тамосем, дар Сари Хосор танҳо як шабакаи алоқаи ТСЕЛ мавҷ дораду халос. Ва он ҳам бо ҳамон телефонҳои одиву нисбатан «қадима»-и «Nokia»,яъне бе интернет. Аз ҳама аламовараш он аст, ки дар ин асри 21-и пуриттилоот ва бо дақиқаҳо тағйирёбандаи илму техника дар ҷаҳон сарихосориҳо аз тамошои телевизион ҳам маҳруманд. Новобаста ба он ки солиёни зиёде Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пахши саросарии ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишвар на танҳо дар мамлакат, балки берун аз он дар ҷаласаҳои Ҳукумат гузориш медиҳанд, мардуми деҳоти ҷамоати Сари Хосор аз ин оддитарин василаи иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатӣ маҳруманд. Дар хонаҳои мардуми деҳот ҳамон телевизорчаҳои истеҳсоли солҳои 60-70 зери хоку чанг ё бо чодарҳои нақшин пӯшонида «хобанд». Зеро бо ба пахши рақамӣ гузаштани телевизионҳо мардум аз онҳам маҳрум гаштаанд. Шояд маҳз ҳамин тозагии афкору побарҷоии анъанаҳои сирф тоҷикист, и дар Сари Хосор мардум меҳмондӯсту кушодадил ва чеҳрахандону одампарваранд. Шояд дур аз сериалҳои кишварҳои бегона ва бархе аз намоишҳои пурхатову соддалавҳонаи телевизионҳои мо дурӣ ана ҳамон тоҷикияту покии ахлоқу фарҳанги миллиро дар ин гӯшаи хоки диёр боқӣ гузоштаву асаре бо покии рӯзгору табиатиҳанӯз бокираи ин макон нагузоштааст. Ба ҳар сурат, агар ин роҳ тезтар сохтаву ба истифода дода мешуд, тавассути туризми байналхалқӣ ба кишвари мо даромадҳои калоне ворид мекард, ки итминон дорем он рӯз дур нест Аммо ҳанӯз аксар кӯдакони деҳоти Сари Хосор чун солҳои баъди инқилоби шӯравӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва ё хусусие, ки дар хонаҳои истиқоматии мардум ташкил шудаанд, таҳсил мекунанд.Дар деҳаи Шибдараи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, ки тақрибан 27-30 хоҷагӣ дорад як муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 41 бо фарогирии 22 хонанда амал мекунад. Хонандагон баъдан бо хатми ондар деҳаи Пештоваи ҳамин ҷамоат то синфи 9 таҳсил мекунанд, ки барои рафтан ба деҳоти дигар дар кӯҳистони бе мошину роҳ мушкилоти сангинеро кӯдакон аз сар мегузаронанд. Сипас, барои идомаи таҳсил ва хатми мактаби таҳсилоти умумӣ талабаҳо ба деҳаи Шайдон ба маркази ҷамоати Сари Хосор мераванд. Хушбахтона, соли дуввум аст, ки дар Шайдон барои духтаракон ҳам хобгоҳ бино кардаанду имкони гирифтани маълумоти мактаби таҳсилоти умумӣ барояшон имконпазир гаштааст, мегӯянд бошандагони ин маҳал. Дар деҳаи Муллоконӣ муаллим Наим Шӯришов, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба зодгоҳи аҷдодон кӯчида омадааст, хонаи шахсияшро ба мактаб табдил дода, хирадмандонаву фозилона дар саводомӯзии кӯдакони кӯҳистон саҳми босазо мегузорад. Ба ин мактаби таҳсилоти 9-сола талабаҳо аз деҳоти Дараи мазор, Қозиён ва Пушти боғ барои хондан меоянд, ки роҳи тӯлониеро бояд онҳо дар гармову сармо тай созанд. Аммо як чизе, ки моро ба дарсҳои хуби ин мактабҳои дар шароит ва сохтмон наздик ба мактабҳои кӯҳнаи замони пеш аз инқилобанд, мутмаин кард талабагон хеле боодобу шеърдонанд. Ҳарчанд танҳо бо шеърдониву адабиётдӯстӣ наметавон дар ин асри техникаву иттилоот дур рафт. Муаллим Наим Шӯришов мусобиқаи байтбараке миёни мо- ду нафар журналистон ва фарзандони синфи 7 ва 9-и худаш ташкил карда, моро мутмаин сохт, ки ин кӯдакон ҳади аққал дониши хуби забону адабиёт гирифтаанд. Аммо таҳсилоти босифати минбаъдаи ин ҳарду ва садҳо кӯдакони дигари деҳаҳои гирду атроф то ҳол зери суол аст. Бошандагони деҳаҳои сояву салқини ин пораи хоки диёр, чун дигар мардумони кӯҳистон аслан ба чорводорӣ, боғдорӣ, замбури асалпарварӣ ва ҷамъоварии меваю гулу буттаҳои шифобахш машғуланд. Ғизои мардум то ҳадди имкон аз ҳотаҳову заминҳояшон ва қисман аз бозори хеле дур – маркази ҷамоат Шайдон харидорӣ мегардад, ки ба хона овардани он бо сабаби набудани роҳ сахт мушкил аст. Чашмаи маъруфи Оби гӯгирд, ки бо шифобахшияш мушкилоти зиёди тандурустии мардумро осон мекунад, низ ниёз ба дастгирии ҳукуматӣ дорад. Зеро мусаллам аст, ки таркиби ин обу лойи шифобахш бояд ба пуррагӣ омӯхта ва барои истифодааш шароитҳои муосири табобат ва табибон сафарбар карда шаванд. Дарахтони азимҷуссаи туту чормағзи ин кӯҳистон, ки шояд 200-300 сол ё зиёда аз он умр доранд, бо танаҳои бузурги аҷоибу ғароибашон аз шоҳкориҳои табиат дарак дода, то ҳанӯз бо меваҳои шаҳдборашонкоми мардум ширин мекунанд. Вале мушкили оби нӯшокӣ ва об барои зироаткорӣ аҳолиро сахт дар ташвиш мегузорад. Ҳарчанд дар чеҳраи ягон нафар осори норизоӣ ва ё шикоятро надидем, вале тасаввур кардем, ки бо каме осон кардани мушкили зиндагии эшон ин гӯшаи биҳиштосоро ба тамошобобтарин минтақа бадал кардан мумкин аст. Дар ҳавлии ҳар як бошандаи ин маҳал гулу гулкорӣ як фарҳанги хосаест, ки аз завқи кадбонуҳои ин нишеманҳо дарак медиҳад. Наврасон дар шохобчаҳои дарёи Сурхоб бо «сангдеворҳо» барои худ ҷо-ҷо ҳавзҳои шиноварӣ сохта, хумори оббозӣ мешикананду дастёри ҳақиқии падару модаронанд. Аммо, вақте ки бонувон аз 2 чашмаи тақрибан 3 километр дур аз хонаашон барои нӯшидан об мекашонанд, дигар дар бораи шароити зисти онҳо чизе илова намекунем. Миёни ин ҳама зебоиҳои тасаввурнопазири табиии кӯҳистони Сари Хосор дар деҳаи Султонвайсӣҳавлии замонавие таваҷҷуҳи моро ба худ кашид. Қиссаи шерзане аз Сари Хосор, ки бо зебоиофариву ҷасорат некномиву накӯкориҳояш вирди забони мардум аст, алоҳида сутуданист. Вале наметавон нагуфт, ки коре ки Сабоҳат Боронова бонуи кордон барои худ, аҳли оила ва ҳамсояҳояш кардааст, воқеан мардонро дар ҳайрат мегузорад. Ин амали бону Сабоҳат гувоҳи он аст, ки як гӯшаяки Сари Хосор агар то имрӯз аз дасти як бону чунин обод гаштааст, пас он рӯз дур нест, ки Ҳукумати кишвар ин минтақаро ба тамошобобтарин гӯшаи диёр мубаддал созаду ҳамагон имкон дошта бошанд, ки ба тамошои шаршараи номдори Сари Хосор бирнд ва аз шириниҳои тути он комҳо ширин намоянд. Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.