Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР «СОҲИЛ»-И ЗЕБО

ДАР «СОҲИЛ»-И ЗЕБО

13-07-2018, 10:09
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
ДАР «СОҲИЛ»-И ЗЕБО

Агар шумо сайри соҳили Баҳри тоҷик дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) карда бошед, манзараҳои зебову ҷаззоби Маркази солимгардонӣ- табобатии «Соҳил» аз назаратон дур намондааст. Агар ин макони биҳиштосоро надида бошед, биравед ва соате дар чойхонаи зебову катҳои лаби оби он бишинеду бубинед, ки ҳаёт чи зебост.
Чойхона – меҳмонхона
Соҳибкор Абдулло Абдуллоев замоне ин лаби зебои баҳр, ки дар шафати «пляж»-и шаҳрӣ ҷойгир асту аз ҳама ба баҳр наздикро чун макони як чойхона интихоб карду соли 2005- 2009 он ҷойро обод кард. Вале ҳар гоҳе, ки зимни суханрониҳои Сарвари давлат мешунид, ки Пешвои миллат чи гуна соҳибкоронро ба ободкорӣ даъват мекунад, тасмим мегирифт, ки ҳам барои рушди тиҷораташ ва ҳам ба хотири пешбурди сиёсати давлатӣ корашро тавсеа диҳад. Шабу рӯз заҳмату ранҷаш беҳуда нарафт. Мардум муносибати хубу хизматрасонии воло ва арзонро меписанданд. Тиҷораташ равнақ ёфт ва соли 2007 дар ин макони зебо меҳмонхонае ба номи «Соҳил» қомат рост кард. Кӣ намехоҳад, ки дар соҳиби баҳр меҳмон бошаду дар чойхонаи наздик ба амвоҷи он роҳат кунад? Кори Абдулло Файзуллоевич ҳамоно рушд мекарду хостгорони истироҳат дар «Соҳил» меафзуданд.
Осоиш дар «Соҳил»
Соҳибкор бо гузашти муддате бо супоришҳои паёпайи Президенти кишвар, нисбати рушди соҳибкорӣ ва туризм боз иқдоми дигар гирифт. Соли 2010 ӯ паҳлуи меҳмонхона Осоишгоҳи замонавие боз ҳам исми «Соҳил» бунёд кард. Воқеан дар тамоми соҳили Баҳри тоҷик шояд ин аз муваффақтарин маконҳост. Албатта аз лиҳози ҳудуд он на ба ҳамсояи худ «Шифо» баробар асту на ба «Баҳористон»-и номдор зеро осоишгоҳи қадимаи «Шифо» бо маблағҳои буҷавӣ низ таъмин аст, ҳарчанд чун «Соҳил» муосир нест.
Албатта, барои соҳибкоре дарёфти маблағи калон осон нест. Вале маҳз меҳнатдӯстӣ ва аз мушкилот натарсидани ин соҳибкори таҷрибадор боис шуд, ки «Соҳил» ба яке аз муосиртарин осоишгоҳҳои вилояти «Суғд» табдил ёфт.
Таҷриба
Абдулло Абдуллоевро, ки соли 1957 дар деҳаи Унҷии вилояти Суғд ба дунё омадааст, ҳаёт хеле барвақт ӯро аз меҳри падар маҳрум кард. Тақдири 5 нафар фарзандони аз падар ятиммонда, ки хоҳару бародарони ӯ буданд, новобаста аз ҷавонӣ оромаш намегузоштанд. Соли 1975 ба сафи армия рафта аз он ҷо соли 1977 баргашта, аввал ба сифати ошпази комбинати «Қайроққум» ба кор медарояд. То соли 1980 дар ин муассиса ба ҳайси сарошпаз меҳнат кардааст.
То соли 2000 дар базаи меваҷот заҳмат мекашад. Аз соли 2005 тасмими Абдулло Файзуллоевич гузаштан ба соҳибкорӣ мешавад ва то имрӯз чун як шахси муваффақ дар ин ҷода шинохта мешавад. Зеро ӯ хуб медонад, ки имрӯз осоишгоҳу меҳмонхона бояд хеле муосиру зебо таҷҳизонида шуда бошад, дар акси ҳол мардум, ки ба зиндагии зебо торафт одат мекунад, намехоҳад, ки дар ҷое табобату истироҳат кунад, ки ба завқи баланд ороиш ва таҷҳизонида нашуда бошад.
«Соҳил» васеъ мешавад?
Абдулло Абдуллоев ёдовар мешаванд, ки аз ҳокимияти давлатии шаҳр мактуб гирифтанд, ки самти фаъолияташонро васеътар намоянд. Аммо ҷойгиршавии «Соҳил» миёни ҳудуди ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» (собиқ ҶШК «Шукуфон», ҶСК «Суғдмоҳӣ») мушкилоти «сарҳад»- и заминро овард. 29 – сотих замине, ки дар оғози ин супориши МИҲД шаҳри Гулистон барои васеъ кардани Осоишгоҳи «Соҳил» ҷудо карда буданд, даъвое ба вуҷуд овард, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Сертификати замин дар дасти соҳибкорони ҶДММ Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил» буда, онҳо ӯ чун андозсупоранда андоз пардохт мекунанд, вале қарор ва баҳси дар бораи бозпас гирифтани 20 сотих замин аз ин ташкилот миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз ҳал нашуда аст. Аризаи даъвогӣ дар суди иқтисодии вилояти Суғд ҳалли худро интизор аст.
Воқеан, агар кас ба чашми як инсони бетараф ба ҳудуди ҶДММ осоишгоҳи «Соҳил» нигарад, як ҷойи дар нисбати дигар осоишгоҳҳо хурдтараку ороставу перостаеро мебинад, ки бо тавсеаи он мусаллам аст, ки ин соҳибкори муваффақ манфиати бештаре ба худ ва мардум оварда метавонад. Соҳибмулк ният дорад, ки дар шафати осоишгоҳ як клиникаи муосир бино сохта табибонро дар хидмати истироҳаткунандагон ва аҳолии наздики ин минтақа бигзорад. Вале… Хуб, ин қазовати идораҳои дахлдор аст, ки умдворем ба манфиати тарафайн ҳалли худро хоҳад ёфт.
«Соҳил»-и имрӯзӣ
Дар ин мавзеъи хушбоду ҳаво, зебо ва ободи шаҳри Гулистон, ки худ рӯз аз рӯз зеботар мешавад, корҳои сохтмони ду моҳ қабл замоне ки мо он ҷо будем бо суръат пеш мерафт. Абдулло Абдуллоев гуфтанд, ки баъд аз як моҳ (яъне аллакай имрӯзҳо) боз 48- ҷой барои истироҳаткунандагон иловатан омода мешавад. Ин навгониро мавсуф дар иртибот ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шарҳ доданд.
Дар ин осоишгоҳи замонавӣ зиёда аз 40 намуди табобатҳо мавҷуданд, ки аксари он бо дастгоҳҳои муосири табобати гузаронида мешавад. Утоқҳои кашиши обии сутунмуҳра, кашиши хушки сутунмӯҳра, лазери нуқтавӣ, ки танҳо дар ҳаминҷост, серагин, озекирит,галакамера, кедровая бочка ва даҳҳо табобатҳои дигар дар утоқҳои хеле тозаву озода таҷҳизонида шудаанд. Чанд соле пештар барои чунин табобат одамон ба хориҷа мерафтанд.
Дар ин марказ ашхоси зиёде ҷойи кор ёфтаанд нафароне боз аз он ҳам зиёдтар ҳамасола дам мегиранду табобат мекунанд.
Ба «Соҳил» натанҳо мардуми таҳҷоӣ ва истироҳаткунандагону табобатгирандагон аз ҷумҳурӣ, балки аз хоҳишмандон аз Қирғизистону Ӯзбекистон ҳам ташриф меоранд. Зеро нархҳо дар ин осоишгоҳи зебо то 50% аз дигар осоишгоҳҳои ҳамсоя арзонтар асту хизматрасониву пазироӣ низ дар сатҳи волост.
Роҳбарияти ҶДММ «Маркази солимгардонӣ – табобатии «Соҳил» бар ин назаранд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон дар ин соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боз як имкони хуби дигар барои рушди соҳибкории онҳо буда, ҷавобан ба ин минбаъд ҳам фдилона дар хидмати халқу Ватан хоҳанд буд.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: