Кули Сарез бехатар аст13-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 360 нафар
Назарҳо: 0
Дар нишасти матбуотии Сарраёсати геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки аз заминҷумбии 7,5 баллӣ дар водии Бартанги ВМКБ ба вуқӯъ пайваста, ҳеҷ зараре ба сарбанди кӯли Сарез нарасидааст. Маълум аст, ки вайрон шудани сарбанди ин кӯл метавонад ба аҳолии ҷумҳурӣ ва ҳатто ба сокинони берун аз кишвар ва давлатҳои наздикии баҳри Арал, хатари ҷиддиеро пеш орад. Аммо ба гуфтаи Мурод Хол раиси Саридораи геологияи тоҷик кӯли Сарез метавонад ба заминҷумбии аз ин сахтар низ тобовар бошад. Ҳамчунин қайд гардид, ки оби ин кӯл ҳамчун оби тозаи табиат, барои солимии ҷомеа мавқеи муҳимеро ишғол мекунад. Зеро ҷойгиршавии он дар баландӣ буда, соф ва беолоиш боқӣ мондааст. Мувофиқи баъзе далелҳо умри кӯлҳое, ки дар баландкӯҳ ҷойгиранд, ба 1 аср баробар мешавад, вале кӯли Сарез ҳанӯз ҳам побарҷост.
©Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.