Ҳамасола то 150 млн. $ ба Тоҷикистон аз лоиҳаи CASA-100024-12-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 545 нафар
Назарҳо: 0
![]() Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи кишвар изҳор намуд, ки барои амалисозии қитъаи тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 314 млн. доллари ИМА зарур аст ва ин маблағҳо аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд - 45 млн. $ (грант), Бонки исломии рушд - 70 млн. $ (қарз), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд - 110 млн. $ (қарз) ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ - 79 млн. $ (қарз) ҷудо карда мешаванд. Бино ба гуфтаи муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа муддати чор сол, яъне то соли 2020 амалӣ гардида, имкон фароҳам месозад, ки ҳамасола аз моҳи апрел то моҳи октябр то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқи зиёдатӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон интиқол дода шавад. «Аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқ Тоҷикистон ҳамасола метавонад то 150 млн. доллари ИМА фоида ба даст орад. Ғайр аз ин, ҷумҳурӣ ҳамчунин аз транзити нерӯи барқи Қирғизистон тариқи қаламрави худ низ даромад мегирад», - қайд кард ӯ. Ба гуфтаи вакил Пӯлод Муҳиддиниён, дар солҳои аввал арзиши як киловатт нерӯи барқи содиротшуда то 6 сенти амрикоиро ташкил дода, ҳамасола нарх ба нерӯи барқ мушаххас (индексатсия) карда мешавад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии худро ба Афғонистон ва Қирғизистон содирот мекунад. Дар мавсими имсола аз Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон ҳудуди 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки ба Афғонистон 1 млрд. 137 млн. ва Қирғизистон - 159,1 млн. кВт/соат рост меояд. Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон бо қимати 3,7 сент ва Қирғизистон - 2,5 сент барои 1 кВт/соат фурӯхта мешавад. ©news.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.