ДМТ-ро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ бояд кард12-01-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 604 нафар
Назарҳо: 0
Зимни нишасти матбуотӣ, ки таърихи 11 01 2016 дар донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид шуд, ки донишгоҳи мазкур ҳамчун муассисаи таълимии олии кишвар ҳамеша дар пеш бурдан ва баланд бардоштани савияи дониши ҳаматарафаи донишҷӯёну омӯзгорон саҳми калон дорад. Қайд гардид, ки алҳолс дар 114 кафедраи донишгоҳ (107 кафедраҳои тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1245 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 6 нафар академики АИ ҶТ, 10 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 18 нафар доктори илм, 480 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд ва ҳамчунин 329 нафар омӯзгорон ба ҳайси омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд. Дар соли 2015 аз 1245 нафар устодону кормандони илмии донишгоҳ 1146 нафар дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат варзиданд, ки он 92,64%-ро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба соли 2014 2,64% бештар аст. Дар шӯъбаи аспирантура ва докторантураи донишгоҳ 385 аспиранти ватанӣ, 27 нафар аспирантӣ хориҷӣ, 4 нафар унвонҷӯйи хориҷӣ, 9 нафар докторант, зиёда аз 240 нафар унвонҷӯ ва 6 нафар ходими калони илмӣ таҳсил доранд. Ҳар сол донишҷӯён ва устодони зиёдеро аз донишгоҳ барои идома ва такмил додани таҳсил ба хориҷи кишвар, сафарбар мешаванд. Умуман гуфта шуд, ки донишгоҳи Миллӣ нисбат ба дигар донишгоҳо ва донишкадаҳои кишвар дар тайёр кардани кадрҳои болаёқат пешсаф аст. Ректори донишгоҳи Миллӣ академик Имомов зимни суханронии хеш қайд кард, ки «Мо кӯшиш бар он дорем, то донишгоҳи Миллиро ҳар чӣ бештар дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ созем».
©Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.