Дар ҳамла ба корвони НАТО чанд сарбоз маҷрӯҳ шуд19-10-2018, 09:25
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
Як таркиши бомба, ки корвони мошинҳои НАТО-ро дар канораҳои Кобули Афғонистон ҳадаф қарор дод, дасти кам ду марди мулкиро кушта чанд сарбози афғону нирӯҳои НАТО-ро маҷрӯҳ кард. Дар ин бора мақомот рӯзи 18 октябр хабар доданд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки як бомбгузори маргталаб бо мошинаш ба корвони НАТО бархӯрд. Воҳида Шакар, сухангӯи волии Парвон гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 17 октябр дар ноҳияи Багром рух додааст. Багром дар 40-километрии Кобул ҷойгир буда, макони истиқрори пойгоҳи амрикоӣ ҳам мебошад. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин ҳодиса чанд сарбози НАТО маҷрӯҳ шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.