Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Столтенберг: НАТО ба хатарҳои замонӣ посухи зуд ва қатъӣ медиҳад

Столтенберг: НАТО ба хатарҳои замонӣ посухи зуд ва қатъӣ медиҳад

11-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Столтенберг: НАТО ба хатарҳои замонӣ посухи зуд ва қатъӣ медиҳад
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг зимни суханронӣ дар нишасти муштараки матбуотӣ бо президенти Лаҳистон Анҷей Дуда, мулоқоти сарони давлатҳои НАТО-ро, ки имрӯз дар Варшава барпо мешавад, "ҳалкунанда" номид.

"Ҷаҳон нисбат ба чанд соли пеш ба макони хатарноктаре табдил шудааст. Ва НАТО ба ин бо суръат ва қатъият посух медиҳад. Рӯзи ҷумъаву шанбе мо барои муосирсозии дифои дастаҷамъиямон, амнияту суботи берун аз сарҳадҳоямон тасмимҳои нав хоҳем пазируфт. Ин тасмимҳо густариши шумори низомиён дар Лаҳистон ва ҳамчунин Эстония, Латвия ва Литваро дар бар мегиранд", - гуфт дабири кулли НАТО.

"Аммо ман фикр мекунам, ки ҳоло барвақт аст гуфтан, ки ин кай амалӣ мешавад. Паёми ман ин аст, ки мо ҳаргиз гуфтугӯи сиёсиро бо Русия қатъ накардаем. Шарикони мо ҳам дар сатҳи сиёсӣ бо намояндагони гуногуни Русия мулоқот мекунанд ва мо дар оянда ҳам Шӯрои Русия-НАТО-ро ҳамчун майдони гуфтугӯи сиёсӣ бо Русия истифода хоҳем кард", - афзуд вай.

Ба гуфтаи вай, НАТО теъдоди Нерӯҳои вокуниши фавриашро се маротиба бештар кардааст. "Мо дар шарқ маркази фармондеҳии нав таъсис додем ва барои пешгирии таҳдидҳое, ки аз хориҷи минтақаи Аврупо мерасанд, системаи нави зиддимушакӣ сохтем", - гуфт дабири кулли НАТО.

Ба гуфтаи Столтенберг, ҳузури НАТО дар кишварҳои шарқии Аврупо паёми дақиқе хоҳад буд ба он ки ҳамла ба яке аз кишварҳои эътилоф ин ҳамла ба тамоми кишварҳои узви НАТО аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: