
НАТО дар посух ба ҳамлаҳои киберии Русия метавонад аз банди 5-уми оинномаи эътилоф дар бораи чораҳои дастаҷамъии дифоӣ истифода кунад. Ин нуктаро дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар суҳбат бо Axios баён дошт.
Вай гуфт, банд худ ба худ ба иҷро намедарояд ва он аз хусусиятҳои ҳамлаҳои ҳакерӣ вобаста аст. Дабири кулли НАТО дақиқ нагуфт, ки банди мазкур дар кадом шароит истифода хоҳад шуд.
Столтенберг ҳамчунин назари худро дар бораи ҳимоят ёфтани Черногория -- ҷавонтарин узви НАТО дар сурати мавриди ҳамла қарор гирифтан баён дошт. Вай гуфт, ИМА ба банди 5-уми оинномаи НАТО дар робита ба Подгоритса "пурра пойбанд" хоҳад монд. Ба гуфтаи ӯ, амалҳои воқеии Вашингтон далели ин гуфтаҳост.
Бар пояи банди 5-уми оинномаи НАТО, ҳамлаи мусаллаҳона ба як ё чанд кишвари узв ҳамчун ҳамла ба тамоми аъзо дониста хоҳад шуд. Ин банд танҳо як бор, баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 истифода шудааст.
Аъзои НАТО моҳи декабри соли 2015 дар робита ба эҳтимоли истифодаи банди панҷум дар посух ба ҳамлаҳои киберие ба созиш расиданд, ки кишварҳои Ғарб пештар дар онҳо Русияро айбдор карданд.