Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Обама аз НАТО даъват дорад, ки иродаи сиёсӣ нишон диҳад

Обама аз НАТО даъват дорад, ки иродаи сиёсӣ нишон диҳад

13-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Обама аз НАТО даъват дорад, ки иродаи сиёсӣ нишон диҳадБарак Обама, президенти ИМА гуфт, НАТО бояд иродаи сиёсӣ нишон диҳад ва масъулият дошта бошад, ки ба хатарҳо посух диҳад.

Ба вижа, ба хатарҳое, ки аз сӯи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", Русия ва хатарҳои вобаста ба беруншавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо мерасанд. Дар мусоҳиба бо нашрияи Financial Times Обама чанд соат қабл аз шуруъи саммити НАТО дар Варшава гуфт, "ин мумкин аст муҳимтарин замон барои НАТО баъди анҷоми Ҷанги сард бошад".

Интизор меравад, ки НАТО барои ҷилавгирӣ аз Русия паём мефиристад ва ягонагии худро дар пасманзари мубориза бо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ", мавҷи муҳоҷирон ба Аврупо, натиҷаҳои Brexit ва нишонаҳои наҳзати "Толибон" дар Афғонистон ба намоиш мегузорад. Таваҷҷуҳи асосӣ, тавре интизор меравад, ба Русия равона хоҳад шуд.

"Хушунати Русия зидди Украина ба ягонагӣ, сулҳ ва озодии Аврупо таҳдид мекунад", - мегӯяд Обама. Вай ҳамчунин аз ҳамлаҳои "Давлати исломӣ" "ба кишварҳои узви НАТО - аз Орландо то Порис, Брюссел ва Истамбул, ки одамони бегуноҳ кушта шудаанд", ҳарф задааст.

Мулоқоти дар Варашава охирин саммити НАТО қабл аз ба поён расидани муҳлати президентии Барак Обама хоҳад буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: