Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамовозии ҷавонон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»

Ҳамовозии ҷавонон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»

12-01-2016, 10:10
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамовозии ҷавонон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»Мо ҷавонон таҳти сиёсати хирадмандонаи фарзанди мушкилнописанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллатамон ҳастем!
Наврӯз Ҳусейнов Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз самти афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар зарфи 24- соли истиқлолияти давлатӣ ҷавонони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам менамоянд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»” –ро мо ҷавонони кишвар якдилона ҷонибдорӣ намуда, изҳор менамоем, ки Президенти муҳтарами мо барои мо ҷавонон Пешво, Пешоҳанг, Пешбаранда, Ғамхор, Падар, Роҳнамо, Ҳамроҳ ҳастанд ва доимо буданд.
Машрапова Сафаргул китобдори ҷавони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин.
Ман ҳамчун китобдори ҷавон қабул гардидани ин қонунро дастгирӣ менамоям, зеро воқеан Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо тоҷикон сулҳро овард. Пас месазад, ки ӯро «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»”» бигӯем. Ноил гардидан ба ин зинаи дар воқеъ арзандаи миллӣ боиси ифтихори мо – фарзандони ӯ мебошад ва мо ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаёти ҳамарӯзаи хеш мавриди амал истифода менамоем.
Каримов Ҷамшед донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Насли созандаи ин давронем,
Қиммати ҳамдилиро медонем.
Анҷуман сохта дар арсаи нанг,
Мисли Эмомалии Раҳмонем.

Мо ҷавонони хуштолеъи замони истиқлол аслан хеле барвақт Сарвари давлатро Пешвои миллат унвон карда будем. Зеро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин шахси абармард дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хело боло рафтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: