«Пешвои Миллат – гарави осоиш ва шукуфоӣ»7-01-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи тавсияи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъияти матлубот»-и ноҳияи Ғончӣ бобати тарғибу ташвиқи нақши бунёдии асосгузори сулҳу ваҳдат мулоқот бо кормандони соҳаи савдо баргузор гардид.
Боиси зикр аст, ки тариқи қонунгузорӣ таҳким бахшидани нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ин нишонаи изҳори сипосгузорӣ ва миннатдории миллати тоҷик ба Пешвои муаззамаш мебошад. Ин нуқтаро дар чорабинии мазкур Раиси ТИҲ Ҳамроқул Қӯлдошев тақвият бахшида, инчунин хушнудии худ ва ҳамсафонашро бобати аз ҷониби вакили ноҳиявӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зуфар Исмоилзода ҷонибдорӣ гаштани қонуни мазкур баён намуд. Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби вакили мо қироати шеъри Муҳаммад Ғоиб бо номи «Мардумписанд» дар рафти муҳокимаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ин ифтихори тамоми интихобкунандагони вакили гиромӣ буда, мавқеи устуворонаи мардумписандии Сарвари муаззами давлатамонро бори дигар собит намуда, боиси илҳоми тоза гирифтани шуарои тоҷик гардид. Иштирокчиёни вохӯрӣ аз мулоқоти баргузоршуда тасаввуроти хотирмон гирифта, дар охир қайд намуданд, ки дар ҳар мавзӯъ ва дар ҳар мавзеъе, ки дар он Пешвои миллат асаре доранд, он мавзӯю он мавзеъ таровати идонаю сурур мегирад. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.