Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Пешвои миллат – кафили сулҳу субот дар ҷомеа»

«Пешвои миллат – кафили сулҳу субот дар ҷомеа»

7-01-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
«Пешвои миллат – кафили сулҳу субот дар ҷомеа»
Аз ҷониби мақомоти олии қонунгузорӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» боиси хушнудии халқи Тоҷикистон гардид, зеро ин рисолати таърихии Сарвари муаззами мо Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз умқи дилу хоҳиши тоҷикистониён маъво гирифта буд. Маҳз ба ҳамин хотир буд, ки тибқи тавсияи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд силсилаи мулоқоту суҳбатҳои фараҳбахш ба хотири чунин воқеаи таърихӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Ғончӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Яке аз чунин вохӯриҳо дар омӯзишгоҳи касбию техникии №64-и н.Ғончӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолдухтарони ҳунаромӯз иштирок доштанд. Дар мулоқоти мазкур бобати қадамҳои устуворонаи таърихиву созандаи Пешвои миллат, ки ҳамнафас бо ғаму шодии миллат буд сардори муассисаи мазкур, ҳамсафи фаъоли мо Садриддин Ҳикматуллоев ба сухан баромад. Инчунин яке аз духтаракон ба сухан баромада, аз номи тамоми иштирокчиён қайд кард, ки эҳё ва омӯзиши ҳунарҳои миллӣ боз як ташаббус ва нишондоди хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ буда, яке аз имкониятҳои самарабахши бо шуғл таъмин намудани занону духтарон мебошад, ки аз ин бонувон шоданд.

Мавриди зикр аст, ки вохӯрӣ дар руҳияи шодмонӣ баргузор шуда, дар фароварди чорабинӣ ҳамагон фарзандвор ба Падари Миллат саломатию муваффақиятҳоро таманно намуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: