Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Беш аз 5 миллион кӯдак дар Яман аз қаҳтии ғизо азият мекашад

Беш аз 5 миллион кӯдак дар Яман аз қаҳтии ғизо азият мекашад

20-09-2018, 08:14
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Беш аз 5 миллион кӯдак дар Яман аз қаҳтии ғизо азият мекашад

Созмони байналмилалии Наҷоти Кӯдакон ҳушдор медиҳад, ки бо афзоиши нархи хӯрокворӣ дар Яман ва ҷангҳо дар атрофи шаҳри бандарии Ҳудайда, беш аз 5 миллион кӯдак дар ростои гуруснагӣ қарор дорад.

"Ин ҷанг хатари аз байн бурдани насли кӯдакони Яманро, ки дар ростои чандин таҳдид, аз ҷумла таркиши бомбаҳо, гуруснагӣ ва бемориҳои пешгиришавандае мисли вабо қарор доранд, ба бор овардааст", - гуфт созмон.

Низои Яман соли 2015 дар ҳоле густариш ёфт, ки чанд шаҳр дар ғарби ин кишвар, бо шумули пойтахт Санъо, таҳти назорати шӯришгарони ҳусӣ гузашт, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад.

Эътилофи таҳти назари Арабистони Саудӣ бо ҳадафи ба қудрат бозгардондани ҳукумати президенти эътирофшудаи Яман Абу Мансур Ҳодӣ ба низоъ дахолат кард.

Авоили моҳи равон баъди музокироти номуваффақ эътилоф ҳамлаҳои ҳавоиро болои Яман афзоиш дод ва бандари Ҳудайда, роҳи вуруди кумакҳо ба бисёр манотиқи таҳти назорати шӯришгарони ҳусиро ишғол кард.

Дар ҷанги Яман наздик ба 10 ҳазор нафар, асосан мардуми мулкӣ кушта шуд ва гуфта мешавад, ки ҳудуди 8,4 миллион нафар дар ростои қаҳтӣ қарор доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: