
ДУШАНБЕ, 29.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ вилояти Яман – Абян, Адан, Лиҳаҷ, Золиъ ва Шабва аз сабаби хурӯҷи бемории вабо вазъияти фавқулодда эълон карда шуд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам” иттилоъ дод.
Бино ба гузориши пойгоҳи хабари мазкур, ин тасмим дар шароите рӯйи даст гирифта шуд, ки ба иттилои созмони ЮНИСЕФ, теъдоди қурбониёни вабо дар Яман аллакай ба ҳазору сесад тан расидааст, ки чаҳоряки ононро кӯдакон ташкил медиҳанд. Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ, вабо дар вилоятҳои Яман торафт бештар густариш меёбад.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Яман Мишели Рилано низ дар бораи эҳтимоли то моҳи оянда аз 1300 нафар фаротар рафтани теъдоди мубталоёни вабо изҳори нигаронӣ кардааст.
Бино ба гузориши Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, вилояти Ҳаҷҷа, воқеъ дар шимолу ғарби Яман аз назари теъдоди қурбониёни вабо дар садр қарор дорад ва пас аз он вилоятҳои Ибб ва Ҳудайда ҷой доранд.
Хабар дода мешавад, ки ҷанги иддае аз кишварҳои арабӣ бар зидди Яман, инчунин даргирии нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумӣ бо муздурони мавриди ҳимояти кишварҳои хориҷӣ кори мубориза бо бемории ваборо дар ин кишвар душвор кардааст.