Созмони Миллалии Муттаҳид миқдори муҳтоҷон ва муҳоҷиринро дар миқёси олам ошкор кард25-12-2017, 15:00
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қароргоҳи созмони озуқа ва Ташкилоти кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Рим, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озуқа ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад директори генералии ФАО Жозе Грасиану да Силва ва Папаи Рим Франсик ширкат варзиданд. Онҳо роҳбарони ҷомеаи ҷаҳониро барои орому осуда зиндагӣ намудани шаҳрвандонашон даъват карда, ҳушдор доданд, ки аз муборизаҳои бемаъневу ҷангҳои шаҳрвандӣ даст кашанд. Аз ин нобасомониҳо шаҳрвандон азият кашида, қисме гуреза шуда, дар мамлакатҳои ғайр азоби гуруснагӣ мекашанд. Папаи Рим дар баромади худ қайд қард, ки ҷанг яке аз сабабгҳои асосии гуруснагӣ дар ҷаҳон мебошад. Ӯ пешниҳод намуд, ки дар ҷаҳон модели нави ҳамкории байнидавлатҳо нисбат ба кӯмак ва ёрмандии муҳтоҷон таъсис дода шавад, то ҷараёни муҳоҷират ва муҳтоҷиро дар ҷаҳон ба танзим дарорад. Созмони Миллали Мутаҳид исбот намуд, ки имрӯз дар олам 815 миллион одам азоби муҳтоҷӣ ва гуруснаги мекашад, ки 11% аҳолии дунёро дар бар мегирад. Асосан ҷангҳои дохилии давлатҳо, вайрон шудани иқлими муҳити зист ва зиёд шудани нуфузи аҳолӣ бахусус дар мамлакатҳои Шарқ сабабгори асосии ин падидаи номатлуб шудааст. Директори барномаи байналмиллалии озуқа (ВПП) Девид Бизли дар баромади худ қайд намуд, ки имрӯз Иттиҳоди мамлакатҳои Аврупо аз ҷараёни ворид шудани гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ ба таҳлука афтодаанд. Танҳо имсол сафи муҳтоҷону аз гуруснагӣ азият кашанда 28 миллион зиёд шуда ва мувофиқи нишондоди Маркази тадқиқотии Аврупоӣ нисбат ба соли 2016 108 миллион нафар одамон дар ҳолати нимгуруснагӣ қарор доранд. Мушкилоти нарасидани озуқа бештар дар мамлакатҳои Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ, Яман, Нигерия, Ироқ, Сирия ва Зимбабе дида мешавад.Қисми зиёди ин мамлакатҳои дар боло зикр гардида, ҷангзадаанд ва ё то ҳанӯз гирифтори нобасомониҳову нофаҳмиҳоянд. Пас танҳо ақли солим метавонад ҷаҳонро аз ин варта халос кунад. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.