Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шумори қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Яман ба бештар аз 7 ҳазор расид

Шумори қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Яман ба бештар аз 7 ҳазор расид

8-11-2016, 16:57
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Шумори қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Яман ба бештар аз 7 ҳазор расид

Ҳафт ҳазору 70 одам қурбони ҷанги шаҳрвандии Яман шудааст. Ин маълумот дар гузориши Созмони байналхалқии тандурустӣ, ки дирӯз нашр шуд, зикр гардидааст. Бино бар асоси ин ҳуҷҷат, аз моҳи марти соли 2015 то кунун 35 ҳазору 818 сокини Яман аз ин ҷанг зиён дида, 2,1 миллион шаҳрванди Яман аз кишвар фирор кардаанд.
Низои мусаллаҳона буҳрони башариро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст. Тибқи иттилои созмон, 21 миллион сокин ба кумаки фаврӣ ниёз дорад.

Фиристодаи махсуси СММ дар умури Яман Исмоил валади Шайх Аҳмад ба эътилофи арабӣ, ки ҳарими ҳавоии Яманро назорат мекунад, муроҷиат карда, хостааст, эътилоф барои фурудоии ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ иҷозат диҳад.

"Одамон мемиранд, зерсохтор тахриб мешавад, иқтисоди Яман дар остонаи сарнагунист", - вазъи Яманро вай чунин тасвир кардааст.

Дар Яман, ки шиаҳои ҳусӣ пойтахти ин кишвар Санъоро ғасб кардаанд, бо артиши президенти ин кишвар Абду Раббо Мансур Ҳодӣ меҷанганд. Аз президенти Яман эътилофи арабӣ бо роҳбарии Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунад.

Саидрахмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: