Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

20-09-2018, 07:52
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…
Бисту ҳафт соле, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои истиқлолият ва озодии комили сиёсӣ – иқтисодӣ зиндагӣ ва кор мебарад, аз нигоҳи таърих муддати начандон калон нест. Аммо заҳматҳои шаборӯзии мардум баҳри сулҳу амният, дӯстиву рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ, рафоқат ва бад-ин васила расидан ба зиндагии шоиста бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муддати тӯлонӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз бо ҷорӣ намудани меъёрҳои демократӣ дар низоми давлатдорӣ Президенти кишвар тавонистанд, ба ҳадафҳои стратегии хеш бирасанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди рушду таҳкими сулҳу амният ангуштнамо буда, бо зиёда аз давлати дунё ҳамкориҳои ҳамаҷониба дорад.
Кушода шудани сарҳадҳои ду халқи ҳамҷавор – Ӯзбекистону Тоҷикистон аз дастовардҳои беназири Ҳукумату давлати Тоҷикистон -аст, ки дар таърихи 27-соли истиқлолӣ аз ташаббусҳои оқилонаи Пешвои мо шаҳодат медиҳад.
Дӯстӣ сарҳад надорад ва ин нуктаи ҳадафманд ва умумибашариро мо дар мисоли дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик имрӯз дарёфтем.
Бо эътимоди қавӣ баён медорем, ки маҳз хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист марзҳои ду давлатро аз байн барад ва муносибатҳои зиёда аз бисту хафтсолаи аз байнрафтаро аз нав барқарор намоянд.
Хидмати бузурги таърихии Президенти кишвар аз он иборат аст, ки дар давраи ҳассоси таърихӣ асолату рисолати ду халқҳоро пайванди ногусастанӣ бахшиданд ва барои саодату наҷоти ду миллати бузург, ки яке Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ба олам додааст ва дигаре Мир Алишери Навоиро дар оғӯши хеш парвардааст, асоси бунёдӣ гузоштанд.
Ин ва дигар нуктаҳо дар чорабинии илмӣ – фарҳангие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ” таҳти унвони “Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт”... баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…
Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Мавлонов Алимат Ҳақбердиевич оид ба дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 27 – сол ибрози адеша намуда изҳор дошт, ки ин неъмати бебаҳоро бояд ҳифз кард ва дар солимгардонӣ ва нигоҳдошти тарзи ҳаёти солим саҳмгузор бошем. бо маърӯзаҳои илмӣ – оммавӣ мудири шӯъбаи андролоҷӣ, табиби ҳозиқ Исматулло Ибодуллоев ва бародари тиб, мутахассиси ҷавону болаёқат Наврӯз Масаидов баромад намуда, оид ба пешравиҳои кишвар дар давраи Истиқлолият ва ҳифозату таҳкими дӯстии ду миллат – ӯзбеку тоҷик ибрози андеша намуданд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой садорати Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ ва аҳли ҷомеаи онро бо истиқлолияти давлатӣ табрик намуд ва оид ба аҳмияти таърихии муносибати дӯстонаи халқҳои ӯзбеку тоҷик, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки 26 санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид, аз ташаббусҳои беназири Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки ин ҳама аз дастовардҳои Истиқлолияти кулл дар Тоҷикистони биҳиштосо шаҳодат медиҳад ва афзуд, ки дӯстӣ ҳамчун як омили муҳими мӯътадилии ҳаёти ҷомеа ва иқтидори давлат маҳсуб меёбад. Шарти ёрию бародарӣ ва дустӣ ёвари ҳамдигар будан аст.
Равобити ду кишвари ҳамҷавор поянда бод!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: