Истиқлолият, ифтихори бузурги соҳибватанист29-08-2017, 17:03
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Бисту шаш сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузург - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди муборак, яъне пайвастани оини давлатдории навини худро бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Истиқлолият ва соҳибихтиёрии диёр, ки бо заҳмати басо сангин, азму талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми озодихоҳи мо ба даст омада, дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллатамон оғози марҳилаи сифатан нав гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 26- соли истиқлолият пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Аз ҳамин хотир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди мамлакат ва ба хусус занону модарон ба ҳисоб меравад. Истиқлолият ба зани тоҷик соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ эҳдо намуда, аз ӯ талаб намуд, то фаъолона ба маҷрои созандагии кишвар ворид гардад, хушбахтии хеш ва фарзандонашро бо дасти худ бисозад. Эҳсоси ватандорию ифтихори миллии худро соҳиб бошад, нишон диҳад, ки дар масъулиятшиносӣ ӯ аз мард кам нест. Бояд тазаккур дод, ки моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои муштарак-ул-манофеъ таҷрибаи аввалин буд. Ҳадаф аз таъсиси Кумита дар лаҳзаҳои вазнинтарини давлатдорӣ, ки ҷумҳурӣ ба кӯмаку дастгирии ҳар як сокини худ ниёз дошт, пеш аз ҳама муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи занон, ҳифзи оила ва модару кӯдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ, ташкили маишату истироҳати занон иборат буд. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. Самараи истиқлолият буд, ки имрӯз садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар ҷаҳон мебошанд, дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои ба дастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд. Аз пешрафти тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳокимияти давлатӣ интихоботҳои парлумони кишвар гувоҳӣ медиҳад. Бо ҳамин таманиёти нек мардуми сарбаланди кишвари азизамонро ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик мегӯям. Бигузор, ғояи волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва зиндагии осоиштаи мардум ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон гардад! Косимзода Идигул Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.