Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст»

Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст»

20-09-2018, 07:49
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст»

Масъуди Сипанд, шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори муқими иёлати Калифорнияи Амрико аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони абармарди таърихи Тоҷикистон ном бурд.

Масъуди Сипанд дар суҳбати ихтисосӣ бо журналист-шореҳи сиёсии АМИТ “ХОВАР” Хуршеди Ховар гуфт, ки “ман ба Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон ном гузоштам. Яъне, таърихи Тоҷикистон аз эшон ёд хоҳад кард. Агар эшон набуданд, мамлакат дар дасти муллоҳо мебуд. Ин мамлакат мисли Афғонистон шуда буд. Аз ин минбар ба мардуми Тоҷикистон мегӯям: “Эй мардум, ҳушёр бошед ва фиреби муллоро нахӯред”.

Ба гуфтаи Масъуди Сипанд, “агар раиси як кишвар пешрафта набошад, он кишвар пешрафт намекунад. Чун Эмомалӣ Раҳмон алоқаманди пешрафти мардум ва Тоҷикистон аст, ин хеле муҳим аст. Эмомалӣ Раҳмон низ бо қудрати тамом ин мамлакатро ба пеш ва ба сӯи пешрафт мебарад. Умедворем, ки Тоҷикистон сол ба сол шукуфад ва пешрафт кунад. Дуруд ба Эмомалӣ Раҳмон! “.

Масъуди Сипанд мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ин ҷо – Тоҷикистон, балки дар Амрикову Аврупо ва дар ҳама ҷо маҳбубият дорад ва дӯсташ медоранд. Дӯстони ман дар Амрико мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон аҷаб мардест, ки тавонистааст пеши роҳи нодонӣ, нооромӣ ва бесуботиро бигирад ва ба мардумаш сулҳ оварад. Ин қадар донишгоҳ дар Тоҷикистон таъсис шуда ва ин имкон медиҳад, то афкори мардум пеш равад. Вақте фикри мардум боз мешавад, мамлакат дар ҳоли пешрафт қарор мегирад. Ҳазорон дуруд ва сипос ба ин абармарди таърихи Тоҷикистон!

Рӯдакӣ тоҷикии сареъро зинда нигаҳ дошт

Масъуди Сипанд ашъори Рӯдакиро дӯст медорад. Чун ба гуфтаи вай, Рӯдакӣ нигаҳбони шеъри форсии тоҷикӣ аст. Рӯдакӣ хеле шахсияти муҳим аст. Дуруст аст, ки ашъораш то мо хеле кам расидааст, аммо ҳамин ашъори Рӯдакӣ нишондиҳандаи қувваи бузурги шеър аст.

Ба таъкиди Масъуди Сипанд, бузургтарин коре, ки Рӯдакӣ анҷом додааст, ашъораш тоҷикии сареъ аст ва вожаҳои арабӣ дар он хеле кам аст. Рӯдакӣ нафарест, ки забони тоҷикиро зинда нигаҳ доштааст. Бубинед, Рӯдакӣ бо шеъри худ шоҳро бидуни кафш ба Бухоро фиристод:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…

Осимӣ: “Мо ориёием”

Масъуди Сипанд бо ёдоварӣ аз академик Муҳаммад Осимӣ мегӯяд, ки “соли 1993, вақте устод Осимӣ ба иёлати Калифорнияи Амрико омад, ман бо ҳузури донишмандон ва аҳли адаб конфронсе баргузор кардам. То он замон на ҳама Тоҷикистонро медонистанд. Ҳатто баъзеҳо Тоҷикистонро Ӯзбекистон мегуфтанд. Аммо вақте Муҳаммад Осимӣ ба сухан гуфтан оғоз кард, ҳама аз шунидани каломи ноби тоҷикӣ дар ҳайрат шуданд. Ёдам ҳаст, ки Осимӣ ба аҳли нишаст хитоб кард ва гуфт: “Мо бо тоҷикии форсӣ сухан мегуем. Мо ориёӣ ҳастем”. Хеле зебо сухан гуфт. Ман ин ҳамаро аз тариқи телевизион пахш кардам. Аммо замоне, ки Тоҷикистон омадам ва ба манзили Муҳаммад Осимӣ рафтам, хонумаш дарро боз карду гуфт:

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,

Карам намову фуруд ой, ки хона хонаи туст.

Ин воқеан ашки маро баровард. Як зани тоҷик, бонуи тоҷик ба ин зебоӣ “хуш омадед” -ам мегӯяд. Ин гуна рафтору бархурд маро бештар муштоқи Тоҷикистон кард”.

Лоиқ –гӯяндаи ашъори беназир

Масъуди Сипанд аз Лоиқ Шералӣ, шоири тоҷик ёд кард. Вай гуфт, ки “соли 1994 ба Тоҷикистон омадам ва дар ҷаласае дар Иттиҳоди нависандагон ширкат кардем. Ман паҳлуи Лоиқ будам ва дигар шахсиятҳо нишаста буданд. Он ҷо бо Лоиқ шинос шудам. Баъдан дар манзили Аскар Ҳаким меҳмон шудем ва Лоиқ низ омад. Ашъори Лоиқ бисёр беназир буда, мазмунҳои баланд дорад ва ин мазмунҳо арзиш медиҳанд ба кори Лоиқ.

Абдуҷаббор Раҳмонзода – олим ва ходими барҷастаи давлатӣ

Масъуди Сипанд академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро муаррифи Тоҷикистон ва раиси ҷумҳур медонад.

Ба гуфтаи вай, “соли 1994, замоне, ки ба Тоҷикистон омадам, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки устоди донишгоҳ буд, маро даъват кард ва рафтем он ҷо. Хеле муҳаббат карданд. Аммо чанд соле баъд Абдуҷаббор Раҳмонзода Амрико омаданд ва ба ман телефонӣ тамос гирифтанд. Ман ҳам эшонро ба клоссҳои забони форсӣ бурдам ва дар ин клоссҳо 100 – 150 нафар таълим мегирифтанд. Баъдан аз клосси Ҳофиз, Мавлоно ва Фирдавсӣ дидан кардем. Сипас телевизион рафтем. Он ҷо мусоҳибаи телевизионӣ кардем. Ҳудуди 1, 5 соат суҳбат тӯл кашид ва эшон Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Мардум он вақт тоза шурӯъ карданд ба телефон кардан ва суол медоданд, ки Тоҷикистон куҷост ва мо мехоҳем Тоҷикистон равем. Алъонам, ки ман ин ҷо ҳастам, агар имконот даст бидиҳад, ман метавонам соле ҳазор эрониро ба Тоҷикистон чун сайёҳ биорам, ки ҳар кадоме ҳудуди 1000 доллар харҷ хоҳад кард. Ин дар маҷмӯъ 1 миллион доллар хоҳад шуд.

Тоҷикистон ватани ман аст

Дар поёни суҳбат Масъуди Сипанд Тоҷикистонро ватани худ хонд. Вай гуфт, “ман аз зиндагӣ забони ширини порсиро мехоҳам, ки дар Тоҷикистон аст. Ман аз зиндагӣ бӯи Эронро мехоҳам, ки инҷо аст. Ман аз зиндагӣ мардумони аҳли дил ва содадил мехоҳам, ки ҳамаи ин дар Тоҷикистон аст. Албатта, дар Калифорния хонаводаам, фарзандонам ҳастанд, ҳамаро дӯст дорам, аммо вақте Тоҷикистон меоям, эҳсос мекунам, ки дар ватани худам ҳастам. Умедворам, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро бигирам. Инҷо дӯстони зиёде дорам. Ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон сафар кардам ва сафар хоҳам кард. Ба ҷашну арӯсиҳо рафтам, филм гирифтам ва ҳатто аз тариқи телевизион дар Амрико пахш кардам. Ман муаррифии Тоҷикистонро вазифаи худ медонам”.

Хуршеди ХОВАР,

АМИТ “Ховар”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: