Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд»

«Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд»

22-08-2018, 11:14
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
«Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд»
Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи «Шоми дӯстӣ», ки 17 август дар шаҳри Тошканд ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, баён доштанд ва бо итминон илова намуданд: «Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд». Бояд гуфт, ки ин суханон бо як эҳсосоти олӣ ва хурсандӣ баён мегардиданд, ки мардуми ҳарду мамлакат онро ба хубӣ ва хушнудӣ пазируфтанд.

Суханони муаллифи китоби «Тоҷикон» Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, академик Бобоҷон Ғафуровро метавон тақвиятбахши ин гуфтаҳо номид, ки ҳанӯз нимаи дуюми асри гузашта навишта буд: «Чунонки ӯзбекон аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд мегардиданд, ҳамин тариқа, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти халқи ӯзбек файзёб буданд».
«Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд»
Бобоҷон Ғафуров дар идомаи ин гуфтаҳо навиштааст, ки хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ӯзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад.

«Дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ тимсоли дурахшони дӯстии ду халқи бародар – ӯзбекон ва тоҷикон аст, ки таърихи он ба қадимтарин замонҳо рафта мерасад»,-гуфтааст муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров.

Даҳаи аввали моҳи марти соли равон дар арафаи рӯзҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар» мақолаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо номи «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон» нашр намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: «Тоҷикон ва ўзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирўзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дўстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни 15 боз ҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкории адабию дўстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид».

«Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд»
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар идома навиштааст, ки махсусан, Мир Алишер Навоӣ дар бештари осораш, аз ҷумла дар асарҳои худ «Хамсат — ул — мутаҳаййирин», «Маҷолис — ун — нафоис», қасидаи «Туҳфат- ул — афкор» ва як қатор достонҳои «Хамса» бузургӣ ва фазилати устодаш Абдураҳмони Ҷомиро зикр намуда, ба ў ихлосмандии зиёд доштанашро бо исрор таъкид кардааст. Ҳамчунин, дар пайравии устодаш дар даҳ ғазал назираи ҷавобия навишта, аз тарафи Мавлоно Ҷомӣ баҳои баланд гирифтааст.

«Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ нисбат ба шогирдаш – Мир Алишер Навоӣ назари некбинонаю садоқату самимият дошта, хислатҳои неку писандидаи ўро дар рисолаи «Нафаҳот — ул — унс», якчанд достони «Ҳафт авранг» ва ашъори дилкаши худ таъкид карда, ба ҳунари эҷодӣ ва андешаҳои фалсафию ирфонии вай баҳои баланд додааст»,- нигоштааст академик Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Абдуҷаббор Раҳмонзода паҳлӯҳои дигари равобити фарҳангиву адабии ду халқи ба ҳам дӯстро таҳлил намуда, чунин хулосабарорӣ кардааст: «Дар воқеъ, дўстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабиашон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. Бовар дорем, ки ба шарофати ташрифи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сиёсати адабпарваронаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дўстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабўтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд».

Зимнан ин мақолаи таҳлилӣ ва пурмуҳтавои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода қабл аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-10 марти соли равон сурат гирифт, нашр шуд ва имрӯз ба гуфти муаллиф «Ин дўстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза гирифт».

Бояд махсусан зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстии абадии ҳарду халқро дар мисоли дӯстии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ба инобат гирифта, 6 марти соли равон амреро ба имзо расониданд, ки тибқи он дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» бунёд ва дар ин боғ пайкараҳои ин ду адиби барҷаста гузошта мешаванд.

Пешвои миллат дар суханронии худ дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» чунин ёдовар шуданд: «Ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем».

Бояд гуфт, ки робитаҳои гуногунҷанбаи халқҳои тоҷику ӯзбек аз дарвони қадим сарчашма гирифта, то ба даврони мо расиданд ва имрӯз маҳз бо талошу ҳидоятҳои роҳбарони олии ду мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев боз ҳам қавитар гардида истодаанд.

Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии болозикр гуфт, ки халқҳои тоҷику ӯзбек ба мисли ду шохи як дарахт ва ду шохоби як дарё мебошанд. «Мо дорои як дин, замин ва оби умумӣ мебошем. Мо дар шодиву ғам якҷоем, мо ҳамтақдирем. Мо анъанаҳои неки ниёгонамонро идома дода, бояд дӯстии халқҳоямонро таҳким бахшем ва ҳифз намоем»,- илова намуд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Вобаста ба умумияти фарҳанги ғайримодии ин ду халқи бо ҳам дӯст-тоҷикон ва ӯзбекон фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Халқҳои тоҷику ӯзбек дар тӯли якчанд садсола дар ҳамсоягӣ зиста, бо ҳамдигар табодули намунаҳои фарҳанг кардаанд. Ин тақрибан аз асрҳои 15-16 шурӯъ мешавад, ки намунаҳо аз фарҳанги тоҷик ба фарҳанги ӯзбек гузаштаанд ва баъзеи дигар баръакс».

Фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ бар он назар аст, ки ин умумият қабл аз ҳама дар ҷашнҳо аз ҷумла, ҷашни Наврӯз бештар дида мешавад, зеро ин иди миллии мо бо тамоми суннатҳояш дар байни ӯзбекон низ ҳаст ва ҳатто номаш бетағйир мондааст. «Масалан суманакро дар Ӯзбекистон сумалак мегӯянд»,-гуфт номбурда.

Ҳамсуҳбати мо дар идомаи суханонаш гуфт: «Дар мусиқӣ, санъати минеотюранигорӣ, санъати театри халқӣ, драммаи халқӣ, ҳанарҳои дорбозӣ ва дигар ҳанарҳо байни ин ду халқ умумиятҳи зиёде дида мешаванд. Ҳатто номи дорбозӣ дар байни ӯзбекон бо дорбозӣ ё дорбозлик маъруф аст».

«Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд»,- зикр намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрнии худ дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ».

Дилшод Раҳимӣ дар партавӣ ин суханони Роҳбари давлат гуфт: «Истилоҳоти зиёди ҳунарҳои мардумӣ, санъат, расму оин, таом ва суннатҳои пешинаи ду халқро метавонем дар фарҳанги Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мушоҳида кунем. Далели дигаре дар ин аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тариқи муштарак номинатсияи «Шашмақом»-ро ба Юнеско пешниҳод намуданд ва он соли 2008 сабти ном гардид».

Ба гуфтаи номбурда, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар номинатсияи Наврӯз низ муштарак кор карда, бори аввал соли 2009 ва баъдан соли 2016 онро ба Юнеско пешниҳод намудаанд.

Фолклоршиноси тоҷик дар идомаи суҳбат гуфт, ки номинатсияи оши палов аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври мустақил ба Юнеско пешниҳод гардида, ҳарду давлат сертификати алоҳида ба даст овардаанд. «Фарҳанги оши палов ҳам дар мо ва ҳам дар ӯзбекон тақрибан монанд аст ва ҳар кадом кишвар ба тариқи мустақил пешниҳод карду соҳиби сертификати Юнеско гардид»,-илова намуд Дилшод Раҳимӣ.



Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, ки зимни вохӯриҳо бо ҳамтоёни ӯзбеки худ дар самти мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба қароре омадаанд, ки дар оянда бо ӯзбекон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ оид ба фарҳанги гаҳвора муштаракона як номинатсияеро ба Юнеско пешниҳод намоянд.

«Бисёр чизҳое ҳастанд, ки байни мо муштарак мебошанд ҳам аз лиҳози либосҳои миллии тоҷикону ӯзбекон ҳам аз лиҳози намунаҳои санъат, ба монанди «Шашмақом», рубоихонӣ ва эпоси «Гӯруғлӣ». Мо олимони мардумшиносу фарҳангшинос кӯшиш мекунем, ки ин муштаракоте, ки дар байни тоҷикон ва ӯзбекон ҳаст ба тариқи ҳамкорӣ дар якҷоягӣ таҳқиқот анҷом дода, китоб таълиф намоем ва намунаҳои беҳтарини онҳоро ба Юнеско пешниҳод кунем»,-гуфт Дилшод Раҳимӣ.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: