
Вазорати дифои Русия ҳалокати 15 низомии ҳавопаймои Ил-20-ро тасдиқ кард, ки дар осмони баҳри Миёназамин сарнагун карда шуд. Русия дар суқути ҳавопаймои низомияш Исроилро айбдор кард.
Сухангӯи вазорат генерал-майор Игор Конашенков ҳодисаро "иғвои барқасдонаи халабонҳои исроилӣ" номид. Ба иттилои вазорат, ин халабонҳо сабаб шуданд, ки ҳавопаймои Русия мавриди ҳадаф қарор гирифт, зеро онҳо аз омодагиҳо барои зарбаҳо дар Сурия хабар надоданд.
Ҳавопаймои русии Ил-20-ро нирӯҳои зиддиҳавоии ҳукумати Башор Асад иштибоҳан сарнагун карданд. Ин ҳодиса шаби дирӯз, 17 сентябр ҳангоми зарбаҳои ҳавоии ҳавопаймоҳои Исроил ба вилояти Латақияи Сурия рух дод. Ҳанӯз Исроил дар ин замина изҳори назар накардааст.
Исроил пайваста иншооти нирӯҳои президенти Сурия Башор Асадро бомбаборон мекунад ва Русия ҳампаймони асосии Асад аст. Нирӯҳои ҳавоии Русия вақтҳои ахир дар бомбаборони вилояти Идлиб, охирин мавзеи мухолифони мусаллаҳ иштирок доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ зидди ҳамла ба ин вилоят аст.