Талафоти Русия дар Сурия эҳтимол ба 19 нафар расидааст23-08-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
Дар вилояти Идлиби Сурия чархболи Ми-8-и Русия сарнагун шуд. Бино бар маълумоти ибтидоии вазорати мудофиаи Русия, ҳамаи панҷ низомии дохили чархбол кушта шудааст. Ба ин тартиб, аз эҳтимол дур нест, ки шумораи низомиҳои кушташудаи Русия дар Сурия ба 19 нафар расида бошад.
Идлиб тақрибан ба таври комил аз сӯи нерӯҳои мухолифи режими Башор Асад, аз ҷумла "Фронти Фатҳ аш-Шом", "Ан-Нусра"-и пешин, ки аз баданаи "Ал-Қоида" ҷудо шуд, идора мешавад. Ҳанӯз дақиқ нест, ки кадоме аз ин гуруҳҳо чархболро сарнагун кардааст. Ба иттилои вазорати мудофиаи Русия, чархбол ҳангоми баргаштан ба пойгоҳи низомии Русия дар Хмеймим (Латақия) сарнагун шудааст. Чархбол ба шаҳри муҳосирашудаи Ҳалаб ёрии башардӯстона расонидааст. Нерӯҳои мухолиф дар Ҳалаб рӯзи дувум аст, ки ба мавзеъҳои артиши ҳукуматӣ ҳамла мекунанд. Аз артиши ҳукуматӣ нерӯҳои ҳавоии Русия пуштибонӣ менамоянд. Ҳомиёни ҳуқуқи Сурия ва сокинони маҳаллӣ борҳо ҷониби Русияро дар бомбаборони маҳаллаҳои аҳолинишини Ҳалаб муттаҳам карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.