Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пентагон: ИМА Русияро дар амалиёти Сурия ҳамроҳӣ намекунад

Пентагон: ИМА Русияро дар амалиёти Сурия ҳамроҳӣ намекунад

27-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Пентагон: ИМА Русияро дар амалиёти Сурия ҳамроҳӣ намекунад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳоди Русияро дар бораи анҷоми ҳамлаҳои ҳавоии муштарак зидди гуруҳи террористии "Ҷабҳат ун-Нусра" дар Сурия рад кард.

Ҷефф Дэвис, намояндаи Пентагон гуфтааст, "ИМА дар амалиёти низомии Сурия бо Русия ҳамкорӣ намекунад".

Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия пешниҳод кард, сар аз 25 май бо нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА зидди гуруҳҳо ва корвони силоҳ, ки аз марзи Туркияву Сурия мегузарад, зарбаҳои ҳавоии муштарак анҷом дода шавад.

Инчунин Шойгу гуфта буд, эҳтимол аст, Русия аз 25 май ҳамла зидди ҷангиёнеро ҳам оғоз кунад, ки ба гуруҳҳои оташбаси якҷонибаи Сурия ҳамроҳ нашуданд.

Ба гуфтаи вай, президенти Сурия ба анҷоми ҳамлаҳои ҳавоии муштарак зид нест. Қаблан ИМА борҳо ҳамкорӣ бо низоми Башор Асадро рад карда буд.

Вазири дифои Русия таъкид кард, ки бо талошҳои ИМА наздик ба 140 гуруҳи мусаллаҳ ба раванди оташбас ҳамроҳ шудааст.

Раванди оташбас дар Сурия сар аз 27 феврали соли равон оғоз гардида, ба он созмони "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат ун-Нусра", ки дар як қатор кишварҳои дунё, аз ҷумла Русия ҳамчун гуруҳҳои террористӣ эълон гардидаанд, ҳамроҳ нашуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: