Дар Қирғизистон як гуруҳи табибон бо гумони қочоқи кӯдак боздошт шуданд12-09-2018, 09:15
Хабарро хонданд: 152 нафар
Назарҳо: 0
ҳоли ҳозир, се корманди бемористони шаҳри Бишкек дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд. Зидди онҳо бар пояи банди "Хариду фурӯши инсон" парванда боз шудааст, ки то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. "Тафтишот идома дорад. Баъд аз анҷоми он ҷузъиётро шарҳ хоҳем дод", - гуфт сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон Карима Асангулова. Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки кӯдакҳоро ба бемористонҳои давлатӣ ё хусусӣ мефурӯхтанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, барои таҳқиқи ҳодиса гуруҳи байниидоравии кориеро таъсис додааст. Ҳоло мутахассисон механизми фурӯши кӯдакро муайян мекунанд. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, табибон ҳангоми таваллуд ба модарон мегуфтаанд, ки фарзандашон фавтид ва ҳато ҷасадеро нишон дода, кӯдаки онҳоро мефурӯхтаанд. "Бидуни дастгирии ниҳоде ин кор хеле мушкил аст. Ба назари ман, инҷо як шабакаи ҷиноие амал мекард", - гуфт раҳбари Лигаи ҳимоят аз кӯдакон Нозгул Турдубекова. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.