Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар сӯхтори бинои КДАМ 8 нафар осеб диданд

Дар сӯхтори бинои КДАМ 8 нафар осеб диданд

7-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Дар сӯхтори бинои КДАМ 8 нафар осеб диданд
Шоми 4 март дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар Бишкек сӯхтор ба амал омад.

Сабаби ин сӯхтор дақиқ нашудааст, аммо маълум аст, ки дар ин ҳодиса ҳашт корманди кумита осеб дидаанд.

Оташсӯзӣ қариби соати 22:00 рух дод. Ба ҷои ҳодиса ду мошини оташнишонӣ фиристода шуд ва маъмурони зиддисӯхторӣ тавонистанд аз паҳн шудани он пешгирӣ кунанд.

Дар бемористони ёрии таъҷилӣ ба бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар доданд, ки 8 маъмури КДАМ аз дуд заҳролуд шудаанд. Шаш нафар дар бемористон бистарӣ шуда, вазъи ду нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Ду корманди амнияти Қирғизистон нахостанд дар бемористон бимонанд.

Бархе аз расонаҳои маҳаллӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки сӯхтор аз таркиш оғоз ёфтааст. Сухангӯи КДАМ Роҳат Сулаймонов ин хабарҳоро рад карда, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқро сабаби сӯхтор номид.

Ба иттилои манбаъҳои Озодӣ, дар ин ҳодиса се утоқи корӣ сӯхтааст. Ин нахустин ҳодисаи эълоншудаи оташсӯзӣ дар бинои ниҳодҳои амниятии Қирғизистон аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: