Дар Душанбе кӯдакрабоён боздошт шуданд26-07-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як гуруҳи муташаккили ҷиноиеро ошкор ва боздошт карданд, ки ба эҳтимоли зиёд дар чанд соли охир ба кӯдакрабоӣ дар шаҳри Душанбе машғул будаанд. Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл зимни тасдиқи ин хабар гуфт, се аъзои ин гуруҳ рӯзи чоршанбеи 20-уми июл замоне боздошт шуданд, ки як духтарчаи 7-соларо бо номи Ф.Б дуздиданӣ буданд.
Ба иттилои ин манбаъ, ҳодисаи охир дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзее рӯй додааст, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳои 5-сола ва баъдтар Осияи 5-сола гум шуданд. Хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд. Тибқи иттилои манбаъ, Ф.Б.-7-сола, ки бо талошҳои кормандони фаврии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) ВКД баъди тақрибан 20 дақиқаи рабуда шуданаш озод карда шуд, сокини ҳамон бино ва аз ҳамсояҳои Араловаҳо будааст. Ҳамакнун аз роҳбар ва ташкилотчии рабудани Ф.Б.-и ноболиғ Матлуба Ахмедова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, ном бурда мешавад. Ба иттилои яке аз ҷабрдидаҳо, Ахмедова муассиси маркази маҳсгарии "Маҳдия" воқеъ дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе аст. Тафтишот маълум кардааст, ки ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта ва Ф.Б.-и ноболиғро баъди рабуда шуданаш бояд ба он манзил мебурданд. Ҳангоми кофтуков аз ин манзил асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандоруву ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандоруи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеи мадҳушкунанда омехта шудааст. Модари Ф.Б.-и 7–сола мегӯяд, Матлуба Ахмедоваро мешиносад ва қаблан ҳам муносибати хуб доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Матлуба Ахмедова ҳамчун роҳбар ва ташкилотчии гуруҳи одамрабо дониста мешавад ва боздошт шудааст. Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҳоли ҳозир нисбати Матлуба Ахмедова ва ду тани дигар, ки гуфта мешавад, шарикони ин зан будаанд, бо моддаи 130-и қонуни ҷиноӣ, яъне одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва таҳқиқ ҷараён дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.