Дар Қирғизистон қурби доллар пойин меравад10-03-2016, 10:29
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Нуқтаҳои мубодилаи асъори Бишкек долларро бар ивази 71,93 сом фурӯхта, ба маблағи 71,68 сом харидорӣ мекунанд.
Чунин омор дар сомонаи valuta.kg. оварда шудааст. Дар охири моҳи феврал доллар 75 сом арзиш дошт, аммо дар рӯзҳои ахири моҳи феврал ва аввали моҳи март доллар каме арзон шуд. Ёдовар мешавем, дар охири моҳи январи соли 2016 дар нуқтаҳои мубодилаи асъор доллар бар ивази 76 сом фурӯхта мешуд. Дар аввали феврал қурб пойин рафта, дар нуқтаҳои табодули арз долларо ба ивази 70 сом харида, бо нархи 71-72 сомӣ мефурӯхтанд. Дар миёнаи моҳи феврал баъд аз пойинравӣ қурби доллар дубора афзоиш ёфта, дар ҳадди 75 сом қарор гирифт. Қурби расмии доллар барои 8 март ҳангоми харид 72,70 сом муқаррар шудааст. Пештар дар Бонки миллии Қирғизистон хабар дода буданд, ки аз аввали соли 2015 қурби доллар 29% - аз 58,8 то 76 сом афзоиш ёфтааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.