Пешвои миллат – кафили сулҳу субот дар ҷомеа7-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо намояндагони маҳаллаи №3-и маркази шаҳр вохӯрии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроқум Қосимова К.М ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Раҳимова Муяссар Абдуруҳмоновна дар мавзӯи “Пешвои миллат – кафили сулҳу субот дар ҷомеа” баргузор гардид.
Раҳимова М.А дар баромади худ оиди хизматҳои шоиста ва шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу субот дар кишварамон, ҷони худро ба хатар гузошта вохӯриҳои он кас бо намояндагони мухолифин, заҳмату талошҳои он кас барои пойдории миллат ва давлати тоҷикон, аз арсаи нестӣ раҳо додани он бо истифода аз хираду нерӯи нотакрори доштаашон қайд гардид. Инчунин дар бораи баромади Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 09.12.2015 дар назди вакилони МН муфассал дар бораи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон баромад кард, раиси КИ ҲХДТ Қосимова К.М гуфта гузашт. Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” истода гузашта, таъкид намуд, ки шахсияте, ки барои халқаш сулҳ овардааст, лоиқи ҳамаи мақомҳост. Аҳли толор дар бораи хуш пазируфтани қабули қонуни мазкур фикру андешаи худро иброз намуданд. Дар вохӯрӣ 90 нафар, аз он ҷумла аъзои фаъоли ҳизб ва аъзои КИ низ иштирок намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.