Варзишгари Қазоқистон қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ шуд28-08-2018, 07:39
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Гузалия Ғафурова, варзишгари Қазоқистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҷакарта соҳиби медали тило шуд. Ғафурова дар вазни 68 кило рақибаш Тан Линлини чиниро дар сабқати ниҳоӣ шикаст дод. Ӯ то расидан ба даври ниҳоӣ рақибонашро аз Узбекистон, Эрон ва Ветнам шикаст дода буд. Ин варзишкори қазоқистонӣ дар бозиҳои тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Инчхони Куриёи Ҷанубӣ дар соли 2014 қаҳрамон шуда буд. Он замон ҳам рақиби Ғафурова дар даври ниҳоӣ аз Чин буд. Дар ҳоли ҳозир варзишкорони Қазоқистон дар Бозиҳои осиёӣ шаш медали тило, ҳашт нуқра ва 28 биринҷӣ ба даст овардаанд. Бозиҳои осиёӣ то 2 сентябр давом мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.