Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар сӯхтори ҷангалзорҳо кӣ гунаҳгор ?

Дар сӯхтори ҷангалзорҳо кӣ гунаҳгор ?

24-08-2018, 08:14
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
   Дар сӯхтори ҷангалзорҳо кӣ гунаҳгор ?
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншоотҳои тобеи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонии мақсаднок ташкил ва гузаронида шуданд. Аз тарафи нозирону муҳандисони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба мавҷудияти воситаҳои сӯхторхомӯшкунии аввалиндараҷа, манбаҳои оби оташнишонӣ, ташкили навбатдорӣ аз тарафи ҷангалбонон таъмини минтақаҳои ҷангалзор ва мамнуъгоҳҳо бо мотопомпаҳои оташнишонӣ, рӯдаву милҳо, техникаҳои оташнишонӣ ва ёрирасон, инчунин холати омодабоши дастаҳои идоравии оташнишонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аҳамияти ҷиддӣ дода нашуда, камбудиву норасоиҳои хатарнок ҷой доранд.
Аз ҷумла дар муассисаҳои хоҷагии ҷангали шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Хуросон, Данғара, Панҷ, Вахш, Ёвон, Восеъ, Қубодиён, Фархор, Ховалинг, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Қушониёни вилояти Хатлон, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Варзоби ноҳияҳои тобеи марказ, Нуробод, Сангвор ва Тоҷикободи ноҳияҳои минтақаи Рашт дар назди обанборҳо, ҷӯйборҳо мотопомпаҳои оташнишонӣ бо рӯдаву милҳо барои хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор ташкил карда нашудааст.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва пешгирии он дар мамнуъгоҳҳою ҷангалзорҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт "Қурқуроқ", Шаҳристон "Сабзидара", Айнӣ "Искандаркул", "Ориён", Панҷакент, "Зарафшон"-и вилояти Суғд, "Бешаи палангон"-и ноҳияи Дӯстӣ аз тарафи назоратчиёни дидбонгоҳҳо чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда нашудааст, ки дар онҳо ҳар лаҳза сар задани сӯхтор дар ҳавои гарм аз эҳтимол дур нест.
Солҳои тӯлонӣ биноҳои маъмурии Агентии хоҷагии ҷангали шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Фархор, М.Ҳамадонӣ, Ш.Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг, Хуросон, Қубодиён,
Панҷ, Н.Хусрав, Шаҳритуз ва Восеи вилояти Хатлон, Агентии хоҷагии ҷангали шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор, Файзобод, Варзоби ноҳияҳои тобеи марказ Нуробод, Сангвор ва Тоҷикободи ноҳияҳои минтақаи Рашт, Агентии хоҷагии ҷангали н. Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе, хоҷагии ҷангал дар шаҳри Хоруғ ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Ашт ва Б.Ғафурови вилояти Суғд бо воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда таҷҳизонида нашуда, аз тарафи роҳбарияти ин муассисаҳо тӯли чандин солҳо аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад.
Ин биноҳо бо воситаҳои аввалиндарҷаи оташнишонӣ таъмин карда нашудаанд, дар онҳо санҷиши муқовимати рӯйпуши кабелу ноқилҳои барқӣ гузаронида нашудааст.
Қисмҳои аз чӯб сохташудаи чортоқҳои боми биноҳои маъмурии Агентии хоҷагии ҷангали аксар шаҳру ноҳияҳои бо маҳлули ба оташ тобоваранда коркард нашудаанд.
Фосилаҳои бехатарӣ дар канори роҳҳои мошингард, масофаи байни заминҳои хоҷагии ҷангал ва сарҳади хонаҳои истиқоматӣ, корхонаю иншоотҳо пеш аз мавсими тобистон бо роҳи
шудгоркунӣ дар хатти бехатарӣ таъмин нагардида, аз алафҳои табиии худрӯй тоза карда намешаванд. Дар назди ҷангалзор ва роҳҳои автомобилгарди шафати онҳо лавҳаҳои ташвиқотию тарғиботии "Ҷангарзорро аз сӯхтор ҳифз намоед!" ва ғайраҳо гузошта нашудааст.
Гарчанде, ки аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 июни соли 2017 семинар-машварат оид ба низоми махсуси бехатарӣ аз сӯхтор дар минтақаҳои хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошад ҳам, аммо то имрӯз дар самти таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор фаъолият дар сатҳи паст қарор дошта, таъсири манфии худро расонида истодааст.
Сабаби дар сатҳи паст қарор доштани иҷроиши чорабиниҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои Агентии хоҷагии ҷангали дар боло номбурда, бо сабаби беаҳамиятии баъзе роҳбарон ва шахсони масъул буда, қисми зиёди иншоотҳои тобеи Агентии хоҷагии ҷангал дар ҳолати ғайриқаноатбахши зиддисӯхторӣ қарор доранд ва бартараф накардани онҳо метавонад ҳар лаҳза ба оқибатҳои нохуши сӯхтор оварда расонад.
Хусусан, бинобар сабаби беаҳамиятӣ ва фориғболии роҳбарону назоратчиёни хоҷагиҳои ҷалгал ҳодисаҳои сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа ба наботот ва буҷаи ҷумҳурӣ ба маблағи 832940 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонида шуда, ҳазорҳо буттаву дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкану нодир сухта нобуд гардидаанд. Аз ҷумла:
3 июни соли 2017 дар ҷамоати деҳоти Р.Юсуфбеков н. Ишкошими ВМКБ, дар натиҷаи сӯхтор дар масоҳати 2 га ҷангалзор сӯхта, ба маблағи 15000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Сабаб аз сӯхтор ин вайрон кардани қоидаҳои васлкунии таҷҳизоти барқӣ мебошад;
14 августи ҳамон сол дар н. Варзоб ҷамоати Варзоб-қалъа, деҳаи Гули май сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа сӯхтори ба амал омада дарахтони сояафкан сӯхта, ба маблағи 500 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Сабаб сӯхтор ин аз беэҳтиётӣ бо оташ мебошад;
3 декабр дар н. Фархори вилояти Хатлон, ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Файзобод дар масоҳати 5 га сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он дарахтони сояафкан ва алафҳои хушк сӯхта ба маблағи 3740 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст. Сабаби сӯхтор оташбозии кӯдакон мебошад;
30 июни соли 2017 дар Вилояти Суғд н. Б. Ғафуров кӯҳи Ағир-булоқ дар минтақаи ҷангали "Қарамазор" дар масоҳати 4 га сӯхтор ба амал омада, дар натиҷаи сӯхтор алафҳои хушк ва дарахтони арчаи навъи «Зарафшон» сӯхта ба маблағи 813700 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Сабаби сӯхтор ин бееҳтиётӣ нисбат ба оташ мебошад, ки масъулони он аз тарафи Прокуратураи н.Б.Ғафуров бо аломатҳои моддаи 235 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
20 июли соли 2018 дар вилояти Хатлон н.Хуросон ҷ/д Фахробод дар заминҳои хоҷагии фермерии "Асадулло" дар масоҳати 26,92 га ҳодисаи сӯхтор баамал омад, ки дар натиҷа боғзори зардолӯю бодом сӯхта зарар дидааст.

22 июли соли равон сол дар ш.Душанбе н.Шоҳмансур-2 кӯчаи Анзоб №180 дар заминҳои Муассисаи далатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданию истироҳатии «Ғалаба» ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, ки масоҳати сӯхтор 1,5 гектарро ташкил дод.
Барои иҷро ва риоя накардани қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба 13 нафар масъулини он парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба маблағи 7500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин, фаъолияти 8 ҳуҷраи алоҳида ва 46-нуқтаи барқие, ки дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор доштанд, муваққатан боз дошта ё қатъ карда шуд. Баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор бо 369 нафар кормандону хизматчиёни иншоотҳои дар боло зикиргардида оид ба риояи қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхтор суҳбатҳо гузаронида, дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳифзи ҷангалзорҳои кишварамон асосан аз тарзи нигоҳубину ҳимояи онҳо вобастагӣ дорад. Бо ҳамин мақсад дар дидбонгоҳҳои назоратӣ ва ҷангалзору мамнуъгоҳҳо ташкили ҷорӯбҳои калони таркардашуда, хоркашакҳо, белу каландҳо, намадҳо, шохаҳо, таҷҳизотҳои дастии обпошӣ ва техникаву таҷҳизотҳои ёрирасон барои сари вақт хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор ҳатмӣ мебошанд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум то ҳанӯз талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №27/6-2 аз 30 марти соли 2018-ро бе иҷро монда, дар якҷоягӣ бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабинии муштарак доир ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро тарҳрезӣ ва мавриди татбиқи амалӣ қарор надодааст.

Абдураҳмон Нарзуллозода,
нозири Шуъбачаи таҳқиқотии
Шуъбаи назорати давлатии
бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати
хадамоти давлатии оташнишонии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
капитани хизмати дохилӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: