Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳифзи ғалла аз оташ-вазифаи ҳамагон аст

Ҳифзи ғалла аз оташ-вазифаи ҳамагон аст

24-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Ҳифзи ғалла аз оташ-вазифаи ҳамагон аст
Ҳамасола бо сабабҳои риоя накардани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бемасъулиятии аксар шахсони масъул садҳо тонна хӯроки дурушти чорво ва ғалладона ба коми оташ кашида мешавад.
Мутаассифона, таҳлили ҳаррӯзаи кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ҳангоми ғунучин ва кашонидани ҳӯроки дурушти чорвою ғалладона риоя накарда, меҳнати марди деҳқонро ба коми оташ медиҳанд.

Ҳарчанд кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори омма оиди пешгирӣ намудани сӯхтор дар иншоотҳои давлатӣ, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқониву хусусии мардум баромад менамоянд, вале баъзе аз масъулин нисбати риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бемасъулиятию хунукназарӣ зоҳир намуда, амрномаҳои аз тарафи нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор супоридашударо иҷро накарда, барои аз офат наҷот додани боигарии халқ кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии ба вуқуъ омадани ҳодисаҳои сӯхтор ин оташбозии кӯдакон дар назди майдонҳои ҳосил, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар муҳаррикҳои комбайнҳову тракторҳо ва дигар техникаи ёрирасон, набудани шарорахомӯшкунакҳо дар дудбарои техникаи ҳосилғундор ва ҳатто аз муоинаи техникӣ нагузаронидани техникаҳои сафарбаргардида мебошад.

Мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати кишоварзӣ, нозирони минтақавии ШВКД-и ноҳияву шаҳру вилоятҳо ҳамасола рейдҳои муштарак мегузаронанд, мутаассифона бархе аз роҳбарони ҳоҷагиҳо ба саҳлангорӣ роҳ дода,қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намекунанд ва оқибати чунин бемасъулиятӣ боиси сар задани сӯхтор мегардад.

Дар рафти гузаронидани санҷишҳо ба ҳамаи роҳбарону шахсони масъули хоҷагиҳо 385 амрномаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супорида шуда, нисбати вайронкунандагони қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор 181 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 15220 сомонӣ ҷаримабанди карда шудаанд.

Ҳамчунин фаъолияти 17 корхонаю иншоот ва ҳуҷраҳои алоҳида муваққатан боздошта, 384 қитъаи барқӣ ва 28 печу агрегатҳое, ки дар ҳолати оташангез қарор доштанд, безарар гардонида, доир ба ҷамъоварӣ, захираи зироатҳои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво бо аҳолӣ 568 маротиба суҳбатҳо гузарониданд, ки шумораи онҳо 21783 нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари ин оиди чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбату дастурҳо гузаронида шуда, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ дар ин самт идома дорад.

Аз ин лиҳоз, дар мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво аз роҳбарони корхонаву сарварони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолию умуман аз шахсони масъул ва деҳқонони оддӣ хоҳиш менамоем, ки ба оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя намоянд.

Аз ҷумла пеш аз оғози кори ғунучини ҳосили ғаллаю хӯроки дурушти чорво воситаҳои техникиро дақиқкорона аз санҷиш гузаронида ва қисмҳои эҳтиётиро, ки сабабгори нохушиҳои кори ғалладарав ҳастанд, фавран бартараф намоянд. Дар ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво ва ғалладона маводҳои зудоташгирандаро нагузоранд. Барои роҳ надодан ба сӯхтор ва талафи ғалладонаю хӯроки чорво аз тавсияву дастуруламалҳои Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД пайваста истифода баранд.

Сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд, ки ҳар як автомашина, трактор, комбайн ва дигар техникаи хоҷагиро, ки барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар карда шудааст, бо шарорахомӯшкунакҳо ва олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхтор, 2-3 оташхомӯшкунак, бел, намад, ҷорӯби дароздаста, зарфи калони обдор ва рег таъмин намоянд. Ҳамчунин аз ҳисоби дастаи идоравии оташнишонӣ савора бо асп то анҷом расидани мавсими дарав навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шавад.

Дар канори шоҳроҳҳои автомобилгард, ки аз мавзеъҳои ғаллазор мегузарад, нишонаҳо бо навиштаҷотҳои «Сигор кашидан манъ аст!» ва «Гулхан афрӯхтан манъ аст!» гузошта шаванд. Инчунин заминҳои ғаллазор дар назди роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан дар масофаи 4 метр шудгор карда шавад. Ғайри ин, тоза кардани муҳаррикҳои комбайнҳо, тракторҳо, автомашинаҳо омили муҳими пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор мебошанд.

Ҳамчунин пеш аз оғози мавсими ғундоштани ҳосил сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулин вазифадоранд дар хирманҷойҳову майдонҳои ғалла дастаҳои ихтиёрии зиддисӯхтор ташкил карда онҳоро бо олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхторӣ таъмин намоянд.

Дар майдони кушод ё худ дар назди хирманҷойҳо шабона ба мошинҳо ва дигар техника сӯзишворӣ пур кардан манъ аст. Агар ба ин кор эҳтиёҷ пайдо шавад, дар равшании чароғи дигар мошин бо риояи техникаи бехтарӣ ин корро анҷом додан лозим аст.

Бинобар ин, дар канори роҳҳои оҳану шоҳроҳҳои автомобилгард ва гирду атрофи майдонҳои зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки дурушти чорвою алафҳои худрӯи хушкгардида, бояд тоза карда шавад.

Эҳтиёткориву муҳофизати дилсӯзонаи ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳқон кафили пурии дастархон ва рӯсурхии аҳли ҳар хонадон мебошад. Пас биёед, ҳама якдилу якҷон ғаллаву хӯроки дурушти чорворо ҳифз ва эҳтиёт намоем, то ки заррае аз он талаф наёбад.

Нозимҷон Иброҳимзода, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-майори хизмати дохилӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: