Дар Туркманистон ба ҷамъоварии нахустин ҳосили банан омодагӣ мебинанд23-08-2018, 14:12
Хабарро хонданд: 130 нафар
Назарҳо: 0
Соҳибкорони Туркманистон ба ҷамъоварии нахустин ҳосили банан омодагӣ мебинанд, хабар медиҳанд расонаҳо. Ширкати туркмании "Фрехар" дар вилояти Марии Туркманистон дар гармхонаҳо банан парваридааст. Хабар дода мешавад, ки нахли бананҳоро аз Туркия овардаанд. Интизор меравад, соҳибкорон 30-40 тонна банан ҷамъоварӣ хоҳанд кард. Соли гузашта Туркманистон дар ворид кардани банан аз кишвари ҳамсояаш Эрон ҷои аввалро касб карда буд. Хадамоти марзбонии Эрон хабар дод, ки 1670 тонна банан ба Туркманистон, Туркия ва Қатар содир шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.