Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардиданд

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардиданд

14-06-2017, 16:54
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардиданд

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан хабар дода будем, иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар ҳайати 40 нафар 12 июни соли 2017 тавассути тайёраи Ширкати ҳавонавардии Туркманистон «Turkmenistan airlines» бо хатсайри Ашқобод–Душанбе–Ашқобод, ки парвози озмоишӣ буд, ба Ашқобод сафар карданд.

Аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ашқобод намояндагони Вазорати фарҳанги кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин чорабинӣ дирӯз вохӯрии расмии ҳайати иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамирадов баргузор гардид.

Сипас, ҳайати мазкур аз Осорхонаи давлатии Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон дидан намуданд.

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14 июн, соати 19:00 дар Қасри мақоми Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон дар назар аст. Барномаи ҳунарии устодони санъати тоҷик, ки дар маросими кушодашавии ботантани ин маъракаи фарҳангӣ манзури тамошобинони Туркманистон мешавад, намунаҳои беҳтарини санъати рақс ва суруди халқи тоҷикро дар бар мегирад.

Хотиррасон менамоем, ки ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон» ба номи А. Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радио Хуршед Иброҳимов ва Парвин Маҳмадёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомил гардидаанд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев роҳбари бадеии барнома мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: