Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон анҷом ёфтанд

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон анҷом ёфтанд

19-06-2017, 15:36
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон анҷом ёфтанд

/АМИТ Ховар/. Тавре қаблан хабар дода будем, иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар ҳайати 40 нафар 12 июни соли 2017 тавассути тайёраи Ширкати ҳавонавардии Туркманистон «Turkmenistan airlines» бо хатсайри Ашқобод–Душанбе–Ашқобод, ки парвози озмоишӣ буд, ба Ашқобод сафар карданд.

Аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон аз 12 то 17 июни соли 2017 идома ёфта, дар ин муддат вохӯрии расмии намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, барномаи консертии устодони санъати тоҷик, консерти муштараки ҳунарпешаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистони муосир», либосҳои миллӣ, китобҳои Тоҷикистон ва филмҳои тоҷикӣ баргузор гардиданд.

Шоми 16 июни соли 2017 соати 19:00 дар Қасри мақоми Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон маросими ботантанаи пўшидашавии Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид. Консерти муштараки устодони санъати тоҷик ва туркман, ки ба ифтихори маросими пӯшидашавии ин чорабинӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Ашқобод гардид, ҷолибу хотирмон буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: