Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Парвандаи сӯхтори автобуси муҳоҷирони ӯзбекро дар Оқтеппа муҳокима мекунанд

Парвандаи сӯхтори автобуси муҳоҷирони ӯзбекро дар Оқтеппа муҳокима мекунанд

17-08-2018, 09:07
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Парвандаи сӯхтори автобуси муҳоҷирони ӯзбекро дар Оқтеппа муҳокима мекунанд

Парвандаи сӯхтори автобус дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистонро, ки боиси марги 52 шаҳрванди Ӯзбекистон шуд, дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон муҳокима мекунанд. Дар ин бора додгоҳи вилоятии Оқтеппа 16 август тасмим гирифт.

Додгоҳи вилоятии Оқтеппа 8 август гуфт, вакилони дифоъ шикоят карданд, ки додгоҳи ноҳияи Иргиз дархости онҳоро аз 23 июл барои додани ҳаққи баррасии парванда ба додгоҳи дигар нодида мегирад.

Масофаи миёни Иргиз - маркази маъмурии ноҳияи Иргиз, ки дар он бинои додгоҳ ҷойгир аст ва шаҳри Оқтеппа ҳудуди 430 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи ин парванда 5 нафар, се ронандаи автобус ва ду намояндаи ширкати "Азия транзит сервис" - муассис ва механик ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Ронандаҳои автобус аз 26 январи соли равон дар ҳабсанд. Соҳиби автобус дар кофтукоб қарор дорад.

18 январи соли равон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобуси ҳомили муҳоҷирони ӯзбек оташ гирифт. Дар ин автобус бо шумули ронандагон 57 одам ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо ҳалок шуданд. Ҳамаи ҳалокшудаҳо сокинони вилояти Намангони Ӯзбекистон буданд.

Се шаҳрванди Қазоқистон ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон наҷот ёфтанд. Калонсолтарини ҳалокшудаҳо 41 ва хурдтаринашон 19 сола буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: