Номи гумонбаршудагони ҳамлаҳои Оқтеппа эълон гардид29-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Пулиси Оқтеппаи Қазоқистон номи онҳоеро, ки бо гумони даст доштан дар ҳамлаҳои рӯзи якшанбе ҷустуҷӯ мешаванд, эълон кард. Миёни гумонбарон - панҷ зодаи вилояти Оқтеппа, як зодаи вилояти Акмола ва як зодаи вилояти Қизил Урдаи ин кишвар ҳастанд.
Ба иттилои бахши пулиси вилоятӣ, инҳо дар ҷустуҷӯ ҳастанд: Дмитрий Танатаров, Арсен Танатаров, Айдос Жубанов, Бахит Куанишбоев, Нурлан Сеилов, Алибек Акпамбетов, Айдар Башимов. Хабаргузории "Интерфакс–Қазоқистон" хабар медиҳад, ки Арман Айтуган зодаи вилояти Оқтеппа низ дар ҷустуҷӯ аст. Ҷавонтарин нафаре, ки ҷустуҷӯ мешавад, 26 сол ва калонтарин онҳо 33 сол доранд. Мушаххасоти ҷустуҷӯшавандагон лаҳза ба лаҳза тариқи телевизионҳои маҳаллӣ эълон мегардад. Хабар дода мешавад, ки иттилои ҷустуҷӯшавандагон тариқи паёмакрасони WhatsApp ҳам паҳн мегардад. Ба иттилои пулис, шумори ҳамлагарони мағозаи фурӯши аслиҳаи "Паллада" 5 июн дар Актобе на камтар аз 26 нафар будааст. Дар ин бора наворҳои дурбинҳои назоратӣ шаҳодат медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ, 13 нафар кушта ва 8 тани дигар боздошт шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.