Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Изҳороти Бонки марказии Туркия баъд аз беқурбшавии лира

Изҳороти Бонки марказии Туркия баъд аз беқурбшавии лира

14-08-2018, 08:27
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Изҳороти Бонки марказии Туркия баъд аз беқурбшавии лира
Бонки марказии Туркия дар пайи поинравии қурби пули миллии ин кишвар 13 август гуфт, омодааст, барои таъмини суботи молӣ "тамоми чораҳои лозимӣ"-ро биандешад.

Ин ниҳод дар изҳороти худ ваъда додааст, ки бонкҳоро бо нақдина таъмин хоҳад кард. Изҳороти Бонки марказии Туркия баъд аз он нашр шуд, ки вазири молияи ин кишвар Барот Албайрак гуфт, ҳукумат барои коҳиши ташаннуҷ дар бозорҳо нақшаеро таҳия кардааст.

Қурби лираи туркӣ 13 август дар пасманзари афзоиши нигарониҳо аз буҳрони иқтисодии эҳтимолӣ дар Туркия ва бад шудани муносибатҳои ин кишвар бо ИМА то ба сатҳи рекордӣ поин рафт.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, иҷозат дод, то тарифҳои боҷи воридотии фулод ва алюминийи Туркияро ду баробар боло баранд, ки дар натиҷа ин беқурбшавии лирао тезонд. Туркия ҳушдор дод, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Туркия ва ИМА, ду узви НАТО дар робита ба як қатор масоил, аз ҷумла нақшаи Остона барои харидории низоми зиддимушакии Русия назарҳои гуногун доранд. Чанде пеш Трамп аз Туркия хост, руҳонии амрикоӣ Эндрю Брансони гумонбар ба терроризмро озод кунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: