
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон расман эълон кард, ки Туркия ва Русия 25 июл созишномаи хариди низоми зиддимушакии С-400-ро имзо карданд. "Созишнома имзо шуд. Бо хости Худованд мо мушакҳои С-400-ро дар кишвари худ хоҳем дид ва якҷоя истеҳсол хоҳем кард", - гуфт ӯ дар хитоб ба вакилони порлумони Туркия.
Хабаргузории Bloomberg миёнаҳои моҳи июн навишт, ки ин созишнома 2,5 миллиард доллар арзиш дорад. Раҳбари Хадамоти федеролӣ оид ба ҳамкориҳои техникию ҳарбии Русия Дмитрий Шугаев тасдиқ кард, ки ҳафтаи гузашта намояндагони Москва ва Анқара дар толори ҳавоии "МАКС" дар робита ба хариду фурӯши С-400 гуфтугӯ карданд. "Тасмимҳои асосӣ гирифта шуданд", - афзуд ӯ.
Пентагон ҳафтаи гузашта Анқараро ҳушдор дод, ки агар дар Туркия низоми зиддимушакии русии С-400 насб шавад, низомиёни ин кишвар бо мушкили дорои хусусияти техникӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис низ изҳор дошт, ки низоми НАТО ҳеч гоҳ бо техникаҳои Русия созгор нахоҳад шуд. Эрдуғон дар посух гуфт, Юнон, ки узви НАТО аст, муддатҳост аз ЗРК С-300-и русӣ истифода мекунад ва низомиёни ӯ бо мушкиле рӯбарӯ нестанд.