Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бишкек ба дархости таҳдидомези Анқара посух дод

Бишкек ба дархости таҳдидомези Анқара посух дод

27-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Бишкек ба дархости таҳдидомези Анқара посух дод
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба изҳороти Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия дар робита ба фаъолияти муассисаҳои ҷудогонаи таълимӣ расман посух гуфтааст.

Дар изҳороти ВКХ Қирғизистон омадааст, "Туркия барои Қирғизистон як кишвари бародар буда, мардуми ин ду давлат робитаи наздики таърихии қадима доранд".

"Мо нигарониҳои мақомоти расмии Туркияро дарк мекунем. Аммо, Қирғизистон пеш аз ҳама як кишвари мустақилу соҳибихтиёр аст ва метавонад тасмим гирад, ки барояш чӣ хуб асту чӣ бад. Мо инро нодуруст мешуморем, вақте ки вазири корҳои хориҷии як кишвар ба кишвари дигар зарурати ин ё он иқдомро нишон медиҳад ва он ҳам ба забони таҳдид", - таъкид шудааст дар изҳороти ВКХ Қирғизистон.

Мавлуд Човушоғлу зимни як суханрониаш дар шаҳри Аланя ҳушдор дод, ки тағйир наёфтани муносибати Қирғизистон бо ҷонибдорони Гюлен метавонад ба муносибатҳои Анқараву Бишкек таъсир расонад. Вай дар суҳбат бо телевизиони "HaberTurk" 25 июл ин суханҳояшро такрор карда, афзуд, ки таъсири ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен дар Қирғизистон бештар мешавад. Човушоғлу гуфт, мақомоти Қирғизистонро аз хатари ин ҳаракат огоҳ кардааст.

"Мо баъзеи кишварҳоро ҳушдор медиҳем. Барои мисол, ба вазири корҳои хориҷии Қирғизистон занг зада огаҳ кардем. Зеро ҷонибдорони Гюлен Қирғизистонро ҳамчун пойгоҳи худ дар Осиёи Марказӣ интихоб кардаанд. Онҳо метавонанд, сари қудрат оянд ва дар Қирғизистон табаддулоти давлатӣ баргузор кунанд. Ба назари ман, набояд ба фаъолияти созмони террористие, ки дар Туркия кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд, иҷозат дод", - гуфта буд вазири корҳои хориҷии Туркия.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: