Туркия аз Қирғизистон хост, зидди ҷонибдорони Гюлен чора андешад25-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия аз ҳукумати Қирғизистон даъват кардааст, то зидди ҷонибдорони Фатҳуллоҳ Гюлен чора биандешад.
Дар ин бора ӯ зимни як иқдом ба ҷонибдорӣ аз демократия дар шаҳри Аланя иттилоъ додааст. Бино ба иттилои сомонаи шаҳрдории Аланя, Човушоғлу гуфтааст, ки тамоми дастандаркорони табаддулоти нофарҷоми шаби 15 ба 16 июли Туркия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҳукумати Туркия ҷонибдорӣ менамоянд. Ба гуфтаи ӯ, дар Сомалӣ ба ҷонибдорони Гюлен як ҳафта вақт додаанд, то ин кишварро тарк кунанд ва дар Қибриси Шимолӣ низ созмони марбут ба ин руҳонии турк террористӣ эълон шудааст. “Дар Озарбойҷон ва кишварҳои дигар низ зидди ҷонибдорони Гюлен ҳамингуна чораҳо андешида мешавад. Ман бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон тамос гирифта, гуфтам, агар дидгоҳ дар бораи онҳо тағйир наёбад, пас муносибати мо тағйир хоҳад ёфт. Дар вақташ мо ба онҳо кумак кардему дар бораи маорифу мактабҳо ҳарф задем, вале нақша дигар будааст”, -афзуд вай. Шаби 15 ба 16 июли соли равон дар Туркия кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт, ки мақомот тавонистанд, сади роҳаш шаванд. Бо гумони даст доштан дар ин исён назди 6 ҳазор одам, аз ҷумла афсарони баландрутба, мансабдорони давлатию додрасҳо боздошт гардиданд. Баъди ин ҳодиса дар Туркия 43 ҳазор мактаби хусусӣ, беш аз 1 ҳазор бунёд, 30 муассисаи тиббӣ ва 15 донишгоҳ, ки барои иртибот бо Гюлен гумонбаранд, баста шуданд. Мақомоти Туркия мегӯянд, пушти табаддулоти нофарҷом Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турки муқими ИМА меистад. Анқараи расмӣ аз Вашингтон хост, ӯро боздошт ва ба Туркия истирдод кунад. Аммо худи Фатҳуллоҳ Гюлен ҳама гуна пайвандаш бо табаддулотро рад мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.