Сарвари сулҳпарвару адолатхоҳ6-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Дирӯз, дар Маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Раёсат дар соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Хайруллоев Р., муовини Раиси вилоят Зиёев С.Р., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Бобоҷонзода Аъзам Саид-Анвар оғоз намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида, дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳо, моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро муваффақ гардиданд. Аммо ҳанӯз бобати таъмини пурраи нақшаҳои дар пешбуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самти партовҳо, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории лампаҳои аз истифодабаромадаи симобдор муаммоҳо зиёданд. Сипас, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода сараввал доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси ҷонфидои Ватану Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб мебошад, суханронӣ намуд. Дар суханронии худ Хайрулло Ибодзода қайд кард, ки: «Мардуми шарафманди тоҷик роҳи тайнамудаи Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат ба тамоми ҳастиашон ва воқеъбинона дарк мекунанду баҳо медиҳанд, ки он роҳи мушкилу пурпечу тоб, вале роҳи пурифтихору пур аз комёбӣ аст. Дар рафти маҷлис аксарияти иштирокдорон, аз ҷумла сардорони Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Раҳматулло Хайруллоев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Бобоҷонзода Аъзам Саид-Анвар баромад намуда, ба чунин унвони расмӣ пешниҳод гардидани Сарвари сулҳпарвару адолатхоҳ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, мавсуфро арзандаи Пешвои ҳақиқии миллат арҷгузорӣ намуданд. Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки ғамхориву талошҳои ҳаррӯзаи Роҳбари давлат танҳо ба хотири тараққиёту пешрафти Ватани азиз, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст ва барои ҳамин ҳам Ҷаноби Олӣ сазовори унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳастанд. © Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.